Маълумоти охирин
Главная / Техника / ЛОКОМОТИВ

ЛОКОМОТИВ

ЛОКОМОТИВ (франс. locomotive, аэ лот. loco movlo — аз чой харакат мекунонам), воситаи наклиёт, ки барои ру-руи рельс харакат кунондани поезд ё вагонхои чудогона пешбини шудааст. Дар аввал факат паровозро Локк меномиданд. Баъдтар хамаи намудхои воситахои кашандаи рохи оханро чунин меномидаги шуданд.

Локоматив

Локомотивхои хозира ба 2 гурух: харорати ва электрики чудо мешаванд. Локомотивхои харорати — паровоз, тепловоз, мотовоз, газотурбовоз ва г. манбаи хусусии энергия (дар паровоз — jmo-uiuhu буги, дар тепловозу мотовоз— мухаррики дарунсуз, дар газотурбовоз — турбинаи гази ва г.) доранд. Локомативхои электрики злектровоз, электропоезд ва г. бо кувваи мухаррики электрики харакат мекунанд.

Мувофики таъинот Локомотивхоро ба магнитрали ва саноати чудо мекунанд. Локомотивхои магистрали боркаш, пассажири (барои кашидани поездхо) ва манёври (барои кор дар стансихяхои рохи охан) мешаванд. Локомотивхои саноатиро барои кашондани борхои гуногун дар дохили корхонахо, кону шахтахо ва г. истифода мебаранд. Хамаи намудхои Локомативхо бо иктидори номинали, кувваи кашиш, суръат ва к. а. м. тавсиф карда мешаванд. Дар замони хозира асосан тепловоз ва электровозхо истехсол карда мешаванд.

«ЛОКОМОТИВ», чамъиятии умумииттифокии ихтиёрии спортии иттифокии  касабаи коркунони наклиёти рохи охан, яке ва аввалин чамъиятхои коргарии спорти дар СССР. Соли 1930 таъсис ёфтааст. Коргарону хизматчиёни наклиёти рохи охан, сохтмони наклиёт ва мотрополитенро муттахид мекунад. Аа соли 1957 аъзои иттифоки байналхалкии спортии рохиоханчиён. Варзишгарони «Локомотив» дар баркарор ва инкишофи спорти совети сахми калоне гузоштаанд. И. Б. Механик (варзиши вазнин), А. К. Капчинский (конькитози), Н. Н. Марков, А. В. Рудаков (лижарони), Н. С. Ра­зумовский (футбол), А. В. Казанс­кий (гуштин), С. А. Емельянов (бокс), П. И. Денисенко (варзиши сабук), К. Травин (баскетбол) ва Ф. И. Дуз-Хотимирский (шохмот) барин аъзоёни чамъият аз чумлаи спортсменхои машхури солхои 30—40- ум мебошанд. Чамъият дорои бештар аз 7 хазор коллективии физкультури буда, онхо зиёда аз 1,3 млн нафар варзишгаронро дарбар мегиранд. Дар «Локомотив» зиёда аз 40 намуди спорт вучуд дорад.

Ба бозихои спорти кариб 300 хазор нафар, туризм 140 хазор варзиши сабук 90 хазор, лижатози 116 хазор, шохмот 100 хазор, тирандози 80 хазор нафар шавкмандон шугл доранд. Дар «Локомотив» бештар аз 220 хазор инструкторони чамъияти, тренерон ва доварон кор мебаранд. Чамъияти «Локомотив» бисьёр Устодони спорти СССР, Устодони Хизматнишондодаи спорт, Устодони класси байналхалки -дошта, зиёда аз 360 хазор варзишгарон разряд доранд. Спортсменхои «Локомотив» дар вохурихои сершумори умумииттифокию чахони баромад карда, унвони чемпиониро ба даст меоранд. Онхо инчунин чемпионхои чандинкаратаи Бозихои олимпианд. Беш­тар аз 250 стадион, 500 зали спорти, 390 иншоотхои тирандозию лижатози, 36 хавзи шиновари, 600 лагери спорти-тандурусти, базахои туристи ва г, инчунин 8000 майдонхои спорти дар ихтиёри варзишгарони «Локомотив» мебошанд. Барои комьёбихои спорти зиёда аз 100 нафар варзишгарони «Локомотив» бо мукофотхои хукумати сарфароз гардидаанд.

Соли 1955 дар Душанбе Совети районни чамъияти ихтиёрии спортии рохиоханчиён «Локомотив» ташкил карда шуд. Чамъияти «Локомотив»-и пойтахти республика 30 коллективи физкультури дорад, ки он 3850 нафар (1980) физкультурачиён-коргарону хизматчиёни рохи оханро муттахид месозад. Варзишгарони «Локомотив» иштирокчиёни кувваозмоихои зиёди республикавию умумииттифокианд. Чамъият солхои 1977—80 19 нафар Устоди спорти СССР, 38 нафар номзад ба устодии спорт ва 2495 нафар разряддорон тайёр кардааст. Соли 1980 941 нафар нишони сарисинагии ГТО гирифтанд. Аъзоёни «Локомотив» аз стадион, зали спорти, лагери

спорти-тандурусти ва дигар иншоотхо самаранок истифода бурда, махорати спортиашонро баланд мекунанд. Бештар аз 2911 нафар аъзоёни чамъият ба гимнастикаи истехсоли машгуланд (1980). С. Аббуллоев.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …