Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ЛЕРМОНТОВ Михаил Юревич

ЛЕРМОНТОВ Михаил Юревич

ЛЕРМОНТОВ Михаил Юревич (16. 10.1814, Москва — 27.7.1841, Пятигорск), шоири рус. Аз оилаи капитани ба истеъфо баромада. Дар Университети Москва тахсил намудааст (1830— 32). Соли 1837 барои шеъри «Марги шоир» (ба вафоти А. С. Пушкин) ба Кавказ бадарга шудааст. Лермонтов дар бадарга гояхои декабристонро инкишоф дод. Достонхои аввалинаш («Черкасхо», 1828; «Бандии Кавказ», 1828) дар пайравии А. С. Пушкин навишта шудаанд.

ЛЕРМОНТОВ Михаил ЮрьевичЛермонтов давомдихаидаи анъанахои эчодии А. С. Пушкин буда, эчодиёташ дар солхои реакция, пас аз пахш гардидани шуриши декабристхо, инкишоф ёфтааст. Дар шеърхои лирики («Марги шоир», 1837; «Андеша»,1838 ва г.), достонхои романтики («Иблис», 1829; «Исмоилбой», 1832; «Мцыри», 1839) ва драмахои Лермонтов («Испанихо», 1830; «Одами ачоиб», 1831; «Маскарад», 1835 ва г.) кушишхои очодихохонаи оммаи пешкадами рус дар солхои 30—40-ум инъикос ёфтаанд. Лирикаи Л. («Бородино», 1837; «Шоир», 1838; «Васият», 1840; «Ватан», 1841 ва г.) аз пафоси граждани ва гояхои ватандусти саршоранд. Дар достонхои Лермонтов («Хоча Абрек», 1835; «Боярин Орша», 1835 ва г.) муборнзони рохи озоди васф шудаанд. Достони таърихии Лермонтов «Суруд дар васфи шох Иван Васильевич» (1838) шухрати тамом дошт. Лермонтов аз анъанахои лирикаи романтикни декабристхо бахра бурдааст. У ба ашъори пурошуби Байрон таваччух дошт.

Куллаи реализми Лермонтов романи «Кахрамони даврони мо» (1840) мебошад. Роман мазмуни амики психологи ва ичтимои дошта, хусусиятхои мухимми чамъияти дворяниро инъикос кардааст. Лермонтов принсипхои эчодии А. С. Пушкинро идома дода, роххои нави инкишофи назми русро чустучу намудааст. Ашъораш таровати хоса дорад. «Лермонтов ба кулли шоири асри дигар буда, аншъори у дар силсилаи инкишофи таърихии чамъияти мо халкаи нав аст» (Белинский). Таъсири Лермонтов дар эчодиёти Н. А. Некрасов, И. С. Тургенев, Лермонтов. Н. Толстой, Ф. М. Достоевский, инчунин дар ашъори А,. Блок, В. В. Маяковский мушохида мешавад. Драматургияи Лермонтов дар иикишофи санъати театри роли калон бозидааст. Дар дехаи Лермонтово ва шахри Пятигорск музейхои ёдгории Лермонтов ташкил шудаанд. Достонхои «Иблис» (1940), «Баидии Кавказ» (1946), «Мцыри» (1949,1975), романи «Кахрамони даврони мо» (1936, 1978) ва мачмуаи ашъори Лермонтов бо номи «Чавонони човидони» (1962) ба забони точики тарчума шудаанд.

Ашъори Лермонтов ба эчодиёти шоирони точик таъсири пурсамар расонидааст.

Ос: Асархои мунтахаб, Сталинобол, 1951; Собр. соч., т. 1—4, М., 1964—65.

Ад.: Библиографии литературы о М. Ю. Лермонтове. 1917—1077 гг.. М.. 1980.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …