Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЛЕПТОСПИРОЗХО

ЛЕПТОСПИРОЗХО

ЛЕПТОСПИРОЗЛЕПТОСПИРОЗХО бемории шадиди сирояти, ки лептоспирахо ном микроорганизмхои беморизо меангезанд. Зиёда аз 10 намуди серологии лептоспирахо маълуманд. Дар ивб бештар Лептоспирозхои заъфармави ва безаъфарма омухта шудааст. Лептоспирозхои заъфармави ё бемории Вейл — Васильев (аз номи мухаккикони ин бемори — олимони немис А. Вейл, 1886 ва рус Н. П. Васильев, 1888), аз ларза ва хастагии умуми огоз ёфта, таб то 39—40°С баланд мешавад; cap, миён, мушак ва бандхо дард мекунанд ва дил бехузур мешавад.

Такрибан дар шабонарузи 4-ум ба заъфарма табдил меёбад. Манбаи асосии сироят барои одам калламушхо мебошанд. Лептоспирозхои безаъфарма ё табларзаи оби якумин бор аз тарафи олими совети В. Л. Башенин (1928) кашф шудааст. Ангезандаи он Leptospira grippotyphosa; давраи инкубатсиониаш 3—14 шабонаруз. Бемори аз ларза огоз ёфта, cap, миён, мушакхои пой ва сари сина дард мекунанд, таб то 39—40е С баланд мешавад. Манбаи асосии сироят хояндахои майда, бузу гусфанд, хук ва г. мебошанд.

Аз хайвонхо гов, асп, хук, бузу гусфанд, мургу мургоби ва г. ба Лептоспирозхо гирифтор мешаванд. Мукаррар шудааст, ки дар Точикистон 10 намуди ширхурхо, асосан нутрия (30,6%), муши хонаги (26,8%), муши оби (14,9%), гов (68,1%) ва хук бештар сироят меёбанд.

Пешгири: махви хояндахо, хушконидани ботлокзорхо, алохида нигох доштани хайвонхои нав ба хочаги оварда, риоя кардан ба коидахои санитари, вакцинацияи хайвонхои хонаги ва г.

Муолича: истифодаи дорухо (пенициллин, левомицетин, антибиотикхои катори тетрациклин ва г.).

Ад.: Руководство по микробиологии, клинике и эпидемиологии инфекционных болезней, т. 6, М., 1064; Халимов М. X. ва диг., Лептоспироэ среди мелких млекопитающих и сельскохозяйственных животных в Таджикистане. Материалы конференции по итогам научно-исследовательской работы ДИЭГ за 1968 Г., Д., 1969. X. К К омар ви нов

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …