Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Куллаи Абуали Сино

Куллаи Абуали Сино

АБУАЛИ СИНО – кулла, нуктаи баландтарини каторкухи Паси Олой (7 134 метр). Пештар номаш Куллаи Ленин буд. Дар сархади Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Киргизистон вокеъ аст. Кулла ва нишебихои он бо барфи доимию пиряххо пушида шудаанд.

Куллаи Абуали Сино

Кулларо соли 1871 Алексей Павлович Федченко кашф карда, куллаи Кауфман номид (номи аслиаш Чул Айдар). 25 сент. 1928 иштирокчиёни Экспедитсияи советию германи А. Аллвейн, Стивен Шнейдер ва Н. Вин аввалин шуда кулларо фатх карданд ва хамон сол ба он бо декре­ти махсуси Комитети Ичроияи Марказии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Точикистон номи Владимир Илич Ленин гузошта шуд.

ДАР ХАРИТА

Дафъаи дуюм (8 сентябри 1934) кулларо кухнавардони шурави В. Абалаков, К. Чернуха ва И. Лукин фатх карда, ба он мучассамаи Владимир Илич Ленин  бароварданд. Бо Карори Хукумати Точикистон № 297 аз 4 июли соли 2006 ба кулла номи Абуали Сино дода шуд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …