Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Кули САРЕЗ

Кули САРЕЗ

САРЕЗ, Саррез, кулест дар худуди районхон Рушон ва Мургоби Вилояти Автономии Бадахшони Кухи. Дар чараёни поёнинд. Мургоб (хавзаи Бартанг), байни каторкуххои Аличури Шимоли ва Музкул, дар баландии 3260 метр вокеъ гаштааст. Масохати сатхи оби кул 79,4 километр2, тулаш 55,8 километр. Чои аз хама сербараш 3,3 километр; хисоби миёнаи чукурй 200 метр, чои чукуртаринаш 496,6 метр. Хачми об 15,85 километр. Каму зиёдшавии солонаи сатхи об кариб 6 метр. Оби кул охири октябр нимаи аввали январ ях баста, охири март нимаи аввали май об мешавад. Ба Сарез дарёхои Лангар, Каттамарчанай, Ватасаиф ва боз бисёр дарёчахои хурд мерезанд.

sarez

Ба Сарез Соли 1938 дар резишгохи дарёи Лангар стансияи обухавосанчии «Ирхт» сохта шуда буд. Аз руи охирин корхои тадкикотии Управленияи республикавии Точикистон оид ба обухавосанчи ва назорати мухити табии мукаррар шудааст, ки сатхи оби кул як хел наистода соле 0,5 метр баланд мешавад. Кул 19 феврали 1911 дар натичаи канда шудани кух ва бо кухпорахои хачмашон зиёда аз 5 миллион метр3 банд шудани мачрои дарёи Мургоб пайдо шудааст. Дар натичаи ин офати табии дехаи Усой зери кухпорахо монд. Оби дарёи Мургоб тадричан чамъ шуда, аз кухтеппа хам гузашт ва дехаи Сарезро, ки 18 киломтер болотар аз Усой вокеъ гардида буд, тамоман зер кард. Хамин тавр, кули Сарез ба вучуд омад. Ба тарафи кул гайр аз ду пайрахаи пиёдагард дигар рохи наклиёт нест. Ба он чо бештар бо вертолёт рафтуо мекунанд. Зеро ки пеши рохи Сарез бо дарахои вахмангез, агбахои душворгузар ва пиряххои овезон банд шудааст. Бо вучуди он дар ин чо бо максади дар оянда ба манфиати хочагии халк истифода бурдани оби кул корхои зиёди тадкикоти бурда мешавад. Феврали 1981 70-солагии пайдоиши кул кайд карда шуд. Г. А. Кирносов.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …