Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Кули Нофин

Кули Нофин

Нофин, кулест дар дараи Шинги райони Панчакент, вилояти Ленинобод. Дар нишебии шимоли каторкухи Хисор, дар кисми миёнаоби дарёи Шинг (шохоби рости дарёи Могиён, хавзаи Зарафшон) вокеъ гаштааст. Баландии кул аз сатхи бахр 1779 м. Масохаташ 0,50 км2, т у л и он 2750 м, бараш ба хисоби миёна 182 м, чои чукуртарини кул 41,3 м, хачми об 5,87 млн м3.

Сохилхояш каму беш качу килеб ва баланд. Дарёи Шинг аз кули Хурдак чори шуда, ба Нофин мерезад. Ба Нофин дарёчаи Ангор (Товасанг) низ хамрох мешавад. Кул дар натичаи канда шуда фуромадани кухпора ва банд шудани мачрои дарёи Шинг ба вучуд омадааст. Баландии банди кул 53 м, дарозиаш 250 м. Оби Нофин аз байни банд рох ёфта, ба кули Хушёр, ки ноёнтар аз он  вокеъ аст, мерезад. Кул факат пулакчамохи дорад. То Нофин рохи мошингард хаст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …