Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Куххои ФОН

Куххои ФОН

ФОН (куххои Фон), кухсорест дар байни каторкуххои Зарафшону Хисор, дар худуди раёнхои Панчакенту Айни. Аз водии дарахои Арчамайдону Киштуд (дар гарб) то водии дарахои Искандару фон (дар шарк) ба масофаи 45—50 км тул кашидааст. Куххо асосан аз охаксанг, вараксанг, алевролит ва регсанг таркиб ёфтаанд, ки синнашон ба даврахои силуру девон мансубанд. Дар куххои Фон, махсусан дар кисми марказии он, куллахои баланди нуктез бисёранд; Чимтарра—5489 м (аз руи маълумотхои дигар 5487 ва 5494 м), Ганзаи Калон —5415 м, Чапдара — 5304 м, Бодхона —5300 м, Москва — 5183 м, Ганааи Хурд —5031 м ва гайра. Куллахои баланд тамоми сол барфпушанд; дар нишебии онхо пиряххои на чандон калон (Имат, Чимтарга ва гайра) мавчуданд.

kuh

Ба туфайли агбахои баланди Аловуддин, Казнок ва Амшут (беш аз 4000 м) аз водии Киштуд ба водии Фон ва Искандаркул рохи пиёдагард хаст. Дар Фон кариб 30 кул (Искандаркул, Кули Калон, Чукурак, Ало, Аловуддин ва гайра) мавчуд аст. Аз Фон рудхои бисёре чори мешаванд (калонтаринашон Пасруд, Сарима, Арг, Уреч, Амшут). Чо-чои нишебии куххо арчазору алафзоранд. Дар дарахо зарбед, зирк, настаран, кот, мушша (мушол), гуш, хома, чайтан, яхак ва гайра меруянд. Фон яке аз гушахои хушманзари кухсори Точикистон, мавзеи дустдоштаи сайёхон ва кухнавардон аст.
К. Вазиров.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …