Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Кишвари СТАВРОПОЛЬ

Кишвари СТАВРОПОЛЬ

СТАВРОПОЛЬ, кишварест дар хайати РСФСР. Масохаташ 80,6 хазор км2. Ахолиаш 2682 хазор нафар (1964). Киш-ар 34 район, 22 шахр ва 17 птш дорад. Ба Ставрополь ВА Карачаю Черкас дохил мешавад. Марказаш шахри Ставрополь. Кишвар бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1958).

stavropol

Ставрополь кисми марказии Кавкази Пеш, кисми гарбии пастии Наздикаспий ва нишебихои шимолии Кавкази Калонро дар бар гирифтааст. Дар гарб суфахои васеи дарёи Кубань вокеъ гаштаанд. Сарватхои табии:     газ, нефт, мис, маъданхои полиметалли, ангиштсанг, доломит, мармар, масолехи бинокори ва гайра. Иклимаш континенти. Зимистонаш дар хамвори муътадил, тобистонаш гарм. Боришоти солона 300—600 мм, дар кухистои—2000 мм. Дарёхои асоси: Кубан бо шохобхояш (Табарда, Зеленчуки Калон ва Зеленчуки Хурд, Лабаи Калон ва гайра), Кума, Калаус, Егорлык, Кулаш бисёр (Сергиев, Шур ва гайра). Кисми зиёди терреторияи кишвар сиёххок ва хоки дорчини дорад. Хоки кухистони кишвар маргзорист. Дар кишвар асосан дарахтони пахнбарг, булут, момроз, сузанбарг ва гайра меруянд. Дар куххо мамнуъгохи Табарда ва як кисми мамнуъгохи Кавказ чой гирифтаанд.

stavropol1

Дар кишвар асосан русхо, инчунин украинхо, арманихо, осетинхо ва дигар халкхо зиндаги мекунанд.

Ставрополь ба нохияи иктисодии Кавкази Шимоли дохил мешавад. Сохахои саноаташ: хуроквори (гушт, ордкаши, равганкаши, консерви меваю сабзавот ва гайра), сабук (бофандаги, пойафзол), мошинсози (мошинхои хочагии килок, арматура барои саноати нефту газ, дасттоххои чубгари, аппаратурахои элекгрики ва гайра), химия (нурихои минерали, пластмасса ва гайра). Дар кисми шаркии Ставрополь нефту газ ва дар куххо маъдани металлхои ранга, ангишт истихроч карда мешаванд. Манбаъхои асосии энергетикиаш—ГРЭС-хои Невинномысск ва Ставрополь. Марказхои саноатиаш: Ставрополь, Невинномысок, Черкесск, Георгиевск, Будённовск ва гайра. Ставрополь нохияи калони хочагии кишлок мебошад. Гандум, чуворимакка, офтобпараст, лаблабуи канд ва гайра кишт карда мешавад. Богу токдори таракки кардааст. Гусфанди махинпашм, гов, хук ва парранда мепарваранд. Барои обёрии Заминхо ва обшор гардонидани чарогоххо якчанд канал (Канали Калони Ставрополь, канали Невинномысск ва гайра) ва як катор системахои обёри сохта шудаанд. Аз кишвари Ставрополь ба Украина, Москва, Ленинград кубурхои газ бурда шудааст. Курортхои кишвар: Кисловодск, Пятигорск, Ессентуни, Железноводск ва Табарда.

Тули рохи охан 846 км. Роххои охани асоси: Ростови Дон — Боку, Зелеячук — Чегута, Минеральные Воды— Кисловодск, Георгиевск—Будённовск. Дарозии рохи автомобилгард 11,5 хазор км. Кишвар муассисахол илми, аз чумла Институти тадкикоти илмии умумииттифокии люминофорхо ва моддахои нихоят тоза, Институти тадкикоти илмии газхои табиии Кавкази Шимоли, Институти тадкикоти илмии умумииттифокии гусфандпарвари, бузпарвари ва гайра дорад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …