Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Каторкухи ТУРКИСТОН

Каторкухи ТУРКИСТОН

280px-ayni_zarafshon_river

ТУРКИСТОН, каторкухест дар силсилаи куххои Хисору Олой, дар худуди РСС Точикистон ва РСС Узбакистон. Аз шарк ба гарб (аз банди кухи Мастчох, ки бо каторкухи Олой пайваст аст, то наздики калъаи Фармонтеппа) ба масофаи кариб 340 км тул кашидааст. Баландиаш то 5509 м, дар интлхои шарки то 5621 м. Асосан аз вараксанг, регсанг ва охаксанг таркиб ёфтааст. Дар нишебихои кисми шарки каторкух пиряххо (калонтаринашон Зарафшон) мавчуданд. Дар нишебихои шимоли ва чануби чо-чо арчазорхо хастанд. Ба воситаи агбаи Шахристон (3378 м) рохи автомобилгарди Душанбе – Ленинобод мегузарад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …