Ниёзботур кабристон, ёдгории археологии ибтидои асри oхан (асрхои 4—3 то мелод) дар дехаи Ниёзботури вилояти Фаргонаи РСС Узбекистон.
В. И. Козенкова соли 1956 дар Ниёзботур хафриёт гузаронид. Ниёзботур аз 9 пушта иборат буда, дарозии дар пушта 9— 14 м, бараш 4—5 м, андозаи гурхои онхо 190 X 60 X 50—70 см аст. Азонхо зарфхои сафолии дастисохт (коса, кузахои васеъгардани бо ранги сурхчатоб андуда) ёфт шудаанд. Ниёзботур ба гурухи кабрхои Фаргона (Октом, Суфан, Даштиашт), ба маданияти Эйлатану Октоми Фаргона мансуб аст, ки он давоми маданияти асри биринчи мебошад.
Ад.: Горбунова Н. Г., Культура Ферганы в эпоху раннего железа, «Археологический сборник Государственного Эрмитажа», 5, 1962.