Маълумоти охирин

КИЁМАТ

КИЁМАТ (ар.     — бархостан, растохез), мувофики таълимоти дини ислом рузест, ки гуё тамоми мурдахо аз нав зинда шуда, аз кору кирдорашон ба пурсандахо (мункару накир) хисобот медиханд. Тасаввуроти рузи К. кариб дар хамаи динхои чахон мавчуд аст. Дар дини ислом он аз динхои пешин мерос мондааст. Масъалахои асосии чаннату дузах дар зардуштия пайдо шуда буданд. Минбаъд бисьёр чихатхои он тавассути хомиёни дин инкишоф дода шудааст. Мувофики хадис ва дигар ривоятхои дини рузи К.  бандагон мувофики дафтари аъмол ба пурсандахо чавоб медиханд. Маросими пурсиши бандахо силсилавист. Аввал пурсандахо гуё «бандагони худо»-ро бо саволхои гуногун санчида, «гунох» ва «савоб»-и онхоро бар кашида, дар дафтари аъмолашон сиёх мекунанд, сони онхоро аз пули Сирот мегузаронанд. Гунахкорон хангоми гузаштан аз пули мазкур гуё ба оташ меафтанду бегунохон рохи бихиштро пеш мегиранд. Баъзехо ба аъроф (гуё мавзеест байни дузаху бихишт) меафтанд.

Дар бораи фаро расидани рузи К-хадсхои гуногун мавчуданд. Мухлатхое, ки чандин бор хомиёни дин барои рузи К. муайян карда буданд, гузаштаанд, вале К. фаро нарасид.

М. Мирразимов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …