Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / КАЗВИНИ Начмуддин Али

КАЗВИНИ Начмуддин Али

КАЗВИНИ Начмуддин Али ибни Умари Котиби Казвини (с. тав. номаълум, Казвин — ваф. 1277), файласуф ва хайатшиноси форс-точик. Яке аз шогирдони Насируддини Туси К. дар расадхонаи Марога мушохидахо гузаронидааст. Дар мактаби илмии Марога хамчун олими маъруф аз илми мантик дарс гуфтааст. Яке аз устодони Кутбуддини Шерози буд. Асари машхури К. «Хикмат-ул-айн» борхо аз тарафи олимони Шарки Миёна ва Наздик шарх дода шуд. Ин асар аз 5 китоб иборат аст: «Фи ахком-ил-ачсом», «Фи харакат-ил-ачсом», «Фи ахком-ил-афлок», «Фи ахком-ил-аносир», Фи-н-нафс». Аз осори «Чомеъ-ул-хакоик ли кашф-ил-хакоик», «Шарх-ул-Мичисти», «Рисола Шамсия фи-ал-кавоид-ил-мантикия»-ро метавон номбар кард, ки бисьёр нусхахои онхо дар китобхонахои Тошкент, Ленинград, Кохира, Лондон, Казон, Истамбул махфузанд. Танхо дар китобхонаи Ин-ти шаркшиносии АФ РСС Узб. кариб 20 нусхаи «Хикмат-ул-айн»-и К. мавчуд аст. Як нусхаи нодири нисбатан кадимаи ин асар дар шуъбаи дастнависхои китобхонаи республикавии ба номи А. Фирдавси (Душанбе) тахти раками 324 махфуз aст.

  1. Абдуллозода.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.