Маълумоти охирин

КАВМ

КАВМ, тоифа, этнос, 1) ахли хешутаборони хамхун, ки пайдоиши худро аз тарафи модар ё падар ба ачдоди ягона (авлод) вобаста мекарданд. Такр. 40 хаз. сол мукаддам тараккиёти куввахои истехсолкунанда, дигаргунихои ичтимои боиси ташаккули одами намуди хозира Homo Sapiens (инсони бохирад) ва аз тудаи ибтидоии башар чудо шудани авлод гардидааст;

kavm

2) намуди махсуси гурухи ичтимои, ки дар натичаи процесси табиии таърихи ба вучуд омадааст, дар илм этнос (ниг. Умумияти этники) ном гирифтааст. Нишонаи мухимтарини К. худшиносист; ин хусусиятхо забон, маданият ва холати рухии (психикаи) ба худ хос дорад. Вобаста ба сохти иктисодию ичтимои дар таърихи башарият се типи К.-ро чудо мекунанд: кабила (дар чамоаи ибтидои), халкият (сохти гуломдори ва феодализм), миллат (дар замони капитализм ва социализм); 3) тоифаи як махалла, гузар ва деха, ки бино, чуйбор, хавз, асбобу афзори маъракахои оилави ва чамъиятиро якчоя истифода баранд. Он хо нисбат ба якдигар хукукхо ва ухдадорихои «какки хамсояги», «махалладори» доштанд. Аъзоёни К. дар тую мотами якдигар иштирок менамуданд, ба хамдигар молу пул ё карз ё насья медоданд, шаъну шарафи хамкавмонро химоя мекарданд, мардхо дар хашархо, алгов (корхои мехнатталаби хочаги ва истехсолот), занон хангоми пахтакаши, ресмонреси, сузанидузи, равганкаши ва г. ба хамдигар мадад мерасонданд.

Н. Турсунов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …