Маълумоти охирин

КАТЪ

КАТЪ, гирехкушоии вокеа, развязка, як унсури сюжети асари бадеи, лахзаи хал шудани конфликтро гуянд. К. чамъбасти задухурд, низоъ ва мочарохои персонажхои асари бадеи ва ё ходисаю афкори сиёсию ичтимои ва ахлоки мебошад. Он ба гирехбандин ходисаву вокеот (завязка) алокаманд аст, баъзан мувофики ходили муаллиф табии ва ё сохта (сунъи) шуда метавонад. Дар К-и табии низоъхо хусусияти тезутунди ичтимоию синфи дошта, асоснок хал мешаванд («Гуломон»-и Садриддин Айни. «Гвардияи чавон»-и А. Фадеев, «Замини корамшуда»-и М. Шолохов).

Дар К.-и сохта зиддияти персонажхо камшиддат аст. Нависанда баъзан ба муросои ду кувваи ба хам зид рох медихад. К. на танхо дар хотима, балки дар мобайн ва хатто аввали асари бадеи хам меояд.

Ад.: Кожянов В. В., Сюжет, фабула, композиция, дар кит.: Теория литературы. Основные проблемы в историческом освещении. Роды и жанры литературы, М., 1964.

С. Таборов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …