Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / КАСРИ ЗИМИСТОНИ

КАСРИ ЗИМИСТОНИ

kasri-z

КАСРИ ЗИМИСТОНИ дар Ленинград, ёдгории меъмории а. 18. К. з. то с. 1905 боргохи асосии императорони рус буд. Аввалин «Хонаи зимистони» барои Пётри 1 с.,1711 дар сохили Чуй зимистона ва дуюмаш дар чои бинои хозираи Театри эрмитаж (1716 —19, меъмор Г. И. Маттарнови, с-хои 1720 меъмор Д. Трезини таъмир кард) сохта шуд. С. 1732 В. В. Растрелли дар сохили д. Нева, дар Майдони каср ба сохтмони К. з.-и сеюм (чанд бор аз нав сохта шудааст) огоз кард. К. з.-и чорум, касри муваккати ва чубинро с. 1755 В. В. Растрелли дар гушаи хиёбони Нева ва сохили д. Мойка буньёд намуд, ки с. 1762 вайрон карданд. К- з.-и панчум, ки холо вучуд дорад, с. 1754 — 62 (меъмор В. В. Растрелли, дар чои К. з.-и сеюм) бо услуби барокко сохта шуд. Шакли бино чоркунча ва хавлидор, намояш ру ба Нева, Адмиралтейство ва Майдони каср. Токхои К. з. чандин бор аз нав сохта шудаанд (анфиладхои канори Нева ва Саломхонаи шох, зали Георгиевй, с-хои 1780—90, меъморон К. Кваренги ва И. Е. Старов; Нитористони Чанги ватани, 1812, 1826, меъмор К. И. Росси). Баъд аз сухтори 1837 току толорхои калонро меъмор В. П. Стасов ва утокхои дохилиро меъмор А. П. Брюллов баркарор карданд. 9 янв. 1905 дар майдони К. з. намоиши коргарони беаслиха тирборон карда шуд. Дар давраи Рев. Феврали 1917 К. з. аз чониби кушунхое, ки ба тарафи халк гузашта буданд, ишгол карда шуд. Аз июли 1917 резиденцияи Хукумати муваккатии буржуази гардид. Дар арафаи Рев. Каб. Соц. Октябрь шаби 25-26 окт. (7-8 нояб.)   1917 Гвардияи Сурх, сарбозон ва       маллохони революциони К.з.-ро, ки гарнизони  2,7 хазорнафараи юнкерхо мухофизат мекард, мухосира намуда касрро соати 2-ю 10 дак. шаби 26 окт.  бо хучуми катьи гирифтанд ва аъзоёни Хукумати муваккатиро хабс карданд. С. 1918 як        киси ва с.      1922 тамоми бинои К. з.  ба Эрмитажи давлати супорида шуд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.