Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / КАРОБОЕВ Неъмат

КАРОБОЕВ Неъмат

karabaev_namat

КАРОБОЕВ Неъмат (1916, ш. Конибодом —1942, дарьёи Дон), нахустин Кахрамони Иттифоки Совети аз Осиёи Миёна (1940), лейтенанти хурд. Аз оилаи дехкон. Узви комсомол аз с. 1939- 1937 ихтиёри ба хизмати харби рафта, аввал дар Округи харбии Острова ш. Ленинград, дар собик Полки савораи кисми харбии 4679, баъд дар ш. Габен Украинаи Гарби ва Белоруссия хизмат кард. С. 1939 ба Округи Харбии Киев, Полки 300-уми тирандозии Дивизияи 7-ум гузашт. Дар хайати ин полк, ки ба мукобили гвардиячиёни сафеди фин мечангид, разведкачи ва алокачи шуд. 21 марти 1940 К. дар катори гурухи аскарони сурх ва командироне, ки дар чанги зидди финхои сафед мардонагии беназир нишон дода буданд, унвони олии Кахрамони Иттифоки Совети гирифт. С. 1941 дар Омузишгохи харбии тирандозии Сухуми тахсил кард, ки он чо командири отделения, пропагандисти батальён, узви бюрои комсомолии полк буд. 22 июли 1941 К. командири взводи Полки 88-уми эхтиётии тирандози таъин шуд. Баъдтар взводи у дар наздикии Новороссийск ба чанг даромад. 26 дек. 1941 дар мухорибаи шадид мачрух шуда, барои табобат ба госпитали ш. Боржоми афтод. Июли 1942 хангоми аз д. Дон гузашта, рахна кардани хатти фронти душман, К. тир хурда, дар ин дарьё халок гардид. Бо максади абади гардондани номи кахрамон бисьёр кучаву хиёбон, мактаб ва совхозу колхозхо номи уро гирифтаанд. Дар ш. Душанбе яке аз зеботарин хиёбонхо ба номи К. гузошта шуд. С. 1943 ба муносибати 25-солагии комсомоли ленини ба яке аз куллахои Помир (баландиаш 4 хаз. м) номи К-ро доданд. Дар Конибодом ва Колхозобод хайкалхои баркади кахрамон гузошта шудаанд.

А. Бобочон.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.