Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / КАМАРОВ Чонбой

КАМАРОВ Чонбой

КАМАРОВ Чонбой (тав. 1924, дехаи Чубаки p-ни Чиргатол), иштирокчии Чанги Бузурги Ватани, сержанти калон, командири гурухи автоматчиён. Дар Полки 422-и дивизияи 170-уми Армияи 48-ум адои хизмат кардааст. У хамчун автоматчии рота дар чангхои шадид бахри озод намудани p-ни Порическии вил. Полессия (РОСБ) далери нишон дода, яке аз аввалинхо шуда худро ба хандаки душман зад, бо оташи автоматаш 3 фашистро нест карда, бо гранатаи дасти автомашинам зирехпушро аз кор баровард. Барои озод намудани дехаи Михайловский чонфидои кард. Хамчун разведкачии штаби Фронти 2-юми Белоруссия ба супориши штаб 21 окт. 1944 1 наф. оберлейтенант, 8 февр. 1945 командири батальёни фашистонро бо хуччатхои мухим дастгир намуда, ба пешравии аскарони совети рох кушод. К. дар рахна кардани хати мухофизи душман дар сохили д. Друг (24 июни 1944) корнамоихо нишон дод. Дар атрофи дехаи Близнищи p-ни Рогачёви вил. Гомель яке аз аввалинхо шуда ба хандаки душман зада даромад ва аз паси худ ротаро ба баландии 1465 м баровард. Дар дохили хандак бо оташи автомати худ 8 солдат ва 2 офицери немисро халок кард. Дар озод намудани сохили гарби д. Друть, Белоруссия, Литва, Пруссияи Шарки (хусусан ш. Фраунберг) ва г. далерона чангида бо се ордени Шараф (дарачаи III—II с. 1944, дарачаи I 1945) мукофотонида шуд. Баъди чанг ба зодгохаш баргашта дар адои вазифахои гуногуни хочаги буд.

Ад.: Бозорбоева М., Бобохонов М„ Сарбозони шучоъ. Д.. 1985.

М. Бобохонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.