Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / КАЛЪАИ МУГ

КАЛЪАИ МУГ

kalai-mugh

КАЛЪАИ МУГ, ёдгории археологии а. 8, ки 3 км дуртар аз дехаи имрузаи Хайрободи р-ни Айни, вил Ленинобод вокеъ аст. С. 1933 Бостоншинос Л. А. Фрейман кашф карда, с. 1947 А. Ю. Якубовский, с. 1965 Б. Я. Ставиский ва Ю. Ёкубов тадкик намудаанд. К. М. истехкоми дехконони работ буда, 5 хонаи дарозруяи гумбазшакл доштааст (дарозии хар яки 4 хона 17,5 м, дарозии хонаи панчум 12,5 м). Иморати К. К. дуошьёна буда, танхо хонахои ошьёнаи якум боки мондаанд. Дар натичаи хафриёт с. 1933-юм 74 хуччати сугди ва як хуччати араби ёфт шуданд (ниг. Хуччатхои калъаи Муг).

Аз К.К. инчунин бештар аз 400 ашъёи маданияти модди, аз чумла порахои матоъхои абрешими, пахтаги, пашми, олоти мехнат ва яроку аслихаи зиёд ёфт шуданд. Сипари чубин сугди низ ба даст омад, ки он бо пуст руйкаш шуда, бо тасвири савораи мусаллах зеб ёфтааст.

Ад.: Б е и т о в и ч И. Б., Находки на горе Муг, «Тр. Таджикской археологической экспедиции», т. 2, М.—Л., 1958; Якубов Ю., Археологические раскопки Гарданя Гисор. «Изв. отделения общественных наук АН Таджикской ССР», № 4, Д., 1966.

Ю. Ёкубов

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.