Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / КАЛЪАИ КОФАРНИХОН

КАЛЪАИ КОФАРНИХОН

КАЛЪАИ КОФАРНИХОН, димнаи мансуби давраи Кушониён, ки дар дехаи Эсанбои р-ни Ленини РСС Точ. вокеъ аст. 1C К. р. 1973 тадкик гардидааст. Димна аз кухандизи панчгуша (55 X 30 м) ва бошишгох иборат аст. К- К. ду комплексро дар бар мегирад, ки яке ба а-хои 4—6, дигаре ба а-хои 6—8 мутаалликанд.

Аз К. К. чанд бино кашф шуд, ки аз хонахои икомати ва хочаги иборатанд. Хар бино аз як то панч хонаро дар бар мегирад. Такр. дар маркази бошишгох маъбади буддои кушода шуд, ки аз ибодатгохи маркази, давли, бинохои хочаги ва икоматгоххо иборат будааст. Ибодатгох долон-рохрав дорад. Дар яке аз деворхои долон мусавварае боки мондааст, ки лахзаи ба Буддо тухфа пешкаш намудани ду ашрофзанро инъикос менамояд. Аз ибодатгох порахои хайкалчахои гилии буддо ва олихахои буддои ёфт шуданд. Девори мухофизати ва яке аз бурчхои К-К. низ кушода шуд. Дар натичаи хафриёт инчунин ба микдори зиёд сафолот, асбобу анчоми гуногун ба даст омаданд.

В. С. Соловьев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.