Маълумоти охирин
Главная / Биология / КАЛАМФУР

КАЛАМФУР

КАЛАМФУР, кaланфул, каламфул, занчабил (Capsicum annuum), гиёхи бисьёрсолаест аз оилаи авранчихо. Дар шароити киштукор зироати яксола аст. Пояаш роста сершох, то 1 м кад мекашад. Баргаш байзашакл ё нештаршакли думчадор, гулаш сафед, зард ё бунафш, хосилаш сертухми бештар сурх, зард, норинчи, бунафши сиёхтоб (аз 0,26 то 190 г).

kalamfur

К-и худруй дар нохияхои тропикии Америка меруяд. К-ро то милод хам парвариш мекарданд. С. 1493 Колумб К. ро ба Испания овард ва зуд дар Европа маъмул гашт. Асри 16 К. ро дар дорухонаи бисьёр кишв-хои Европа чун доруи мефурухтанд. Холо дар дуньё такр. ба 420 хаз. га К. мекоранд ва холо кариб 4 млн т хосил мегундоранд. Дар ССCP (Украина, Кавказ, Осиёи Миёна ва г.) дар сол такр. ба 62 хаз. га К. мекоранд ва зиёда аз 129 ц/га хосил мегиранд.

К-ро ба замини хосилхез кучат мекунанд. Дар баъзе нохияхои чануб тухмашро мекоранд. К. зироати нами ва гармипарвард аст. Нихоли он дар харор. 18—25°С хуб нашъунамо меёбад. Ба хар га 40—60 хаз. бех кучат (бо усули чоркунчаи тока-тока ё катори) мекунанд. Аз хар га киштзори К. 200 (навъхои тунд) —300 ц (навъхои ширин) хосил мегундоранд. Тундию тезии К. ба алкалоиди капсанцин (0,007—1,9%) вобаста аст. Махсусан К-и суда маъмул аст. Вале хангоми касалии рудаву меъда, чигар ва гурда онро бехтараш набояд истеъмол кард. К. чун хуриш ва сабзавот маъмул аст. Онро барои очоронидан, консерв ва г. фаровон истифода мебаранд. К. аз 125 то 1000 мг% витамини С, то 14 мг% каротин (провитамини А), инчунин витаминхои Р, В, В2 4—8,5% канд (дар навъхои К.-и ширин бештар аст), кариб 1,5% сафеда ва г. дорад.

К- чун гиёхи доруи низ аз кадим маъмул аст. Абуалии Сино иштиховари ва ба меъда таквият бахшидани К-ро кайд кардааст. Бино ба навиштачоти муаллифи «Мухити Аъзам» Мухаммад Аъзамхон (а. 19) К. «хазмкунандаи таом аст ва рутубати димог ва меъдаро бибарад ва аъзоро кувват дихад ва бодхоро шиканад, назла ва сурфаро муфид бувад.

Дар амалияи тибби муосир хам киёми спиртии К-ро барои бехтар кардани кори узвхои хозима чун доруи иштихоовар тавсия медиханд.

Ад.: Хикмати асрхо. Д., 1975′ Скляревский Л. Я.. Целебные свойства пищевых растений, М., 1972; Гаммерман А. Ф. [ва диг.], Лекарственные растения (Растения-целители), М., 1975; Культурные растения, М., 1978.

М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …