Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / КАХХОРОВ Абдулахад

КАХХОРОВ Абдулахад

kahhorov-a

КАХХОРОВ Абдулахад (17. 4.1913 ш. Конибодом —12. 2. 1984, ш. Душанбе), ходими давлати ва партиявии совети. Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз с. 1939. Ин-ти давлатии педагогии Ленинобод ба ном и С. М. Киров (1954) ва Курск яксолаи азнавтайёркунии коркунони рохбарикунандаи партиявию советии назди КМ КПСС-ро (1956) хатм намудааст. Фаъолияти мехнатиро аз 17-солаги ба сифати инспектори Шуъбаи мехнати округи Хучанд cap кард. С-хои 1930—39 дар вазифахои гуногуни рохбарикунанда кор кардааст. С-хои 1939— авв. 1942 мудири шуъбаи пропаганда ва агитацияи Комитети партиявии р-ни Панчакент буд. С. 1942 дар сафи Армияи Совети хамчун комиссари баталёни алохидаи тирандоз хизмат кард. Аз ох. с. 1942 то с. 1947 мудири шуъбаи пропаганда ва агитацияи Комитети партиявии вил. Ленинобод, котиби якуми комитетхои партиявии р-нхои Колхозчиён ва Нов буд. С-хои 1947— 35 котиб ва котиби дуюми Комитети партиявии вил. Ленинобод, раиси Комитети ичроияи Совети депутатхои мехнаткашони хамин вилоят, 1956—61 чонишини Раиси Совети Вазирон ва раиси Госплани РСС Точ., 1961—73 Раиси Совети Вазирон ва дар айни замон вазири корхои хоричии РСС Точ. Аз с. 1973 нафакахури шахсии дарачаи умумииттифоки. Дар съездхои 22—24-уми КПСС номзад ба аъзоии КМ КПСС интихоб шудааст. Аъзои бюрои КМ ПК Точ. (1961—73). Депутати Совети Олии СССР (даъватхои 5—8) ва РСС Точ. (даъватхои 2—9). Муаллифи маколаву китобхои зиёдест дар мавзуъхои сиёси, ичтимои ва адаби. «Дружеская помощь и взаимовыгодное сотрудничество» (М.,1959; «Ёрии бародарона ва хамкории судбахш»), «Кумаки Иттифоки Совети ба мамлакатхои Шарк.». (Сталинобод, 1960), «Африка озоду шукуфон гардид» (Д., 1962), «Дар партави озоди» (Д., 1966), «Роххо ва мулокотхо» (Д., 1967), «Дилхои пурошуб» (Д., 1974) аз хамин кабиланд. Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Точ. (1973). Бо се ордени Ленин, ордени Революцияи Октябрь, бо се ордени Байраки Сурхи Мехнат, орденхои Чанги Ватани (дарачахои 1 ва 2), медалхо ва Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точ. мукофотонида шудааст.

М. Искандаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.