Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / КАХХОРИ Абдучаббор

КАХХОРИ Абдучаббор

КАХХОРИ Абдучаббор (тав. 7. 1. 1924, дехаи Лангарибобои p-ни Конибодом), шоири советии точик. Аз оилаи хизматчи.

Аъзои КПСС аз с. 1945. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941—45). Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти          РСС Точ. (1974). Фак-ти журналистии Мактаби олии партиявии ш. Москваро хатм кардааст (1958). С-хои 1944—50 дар газета ва журналхои республикави вазифахои гуногунро ба чо овард. Сардори Управленияи санъати Вазорати маданияти республика (1960—62), сармухаррир (1962) ва директори нашриёти «Ирфон» (1968—75) буд. С.-хои 1975—84 муовиии якуми раиси правленияи Чамъияти китобдустони РСС Точ. Муаллифи мачмуахои «Суруди бахт» (1948), «Гули бадом» (1959), силсилаи шеърхои «Охангхои дусти» (1964; дар бораи Афгонистон). «Шукуфахои аз хун дамида» (1900) ва р. Достоин К. «Шаби пеш аз марг» (1965) аз корнамоихои фарзандони халки точик дар Чанги Бузурги Ватани накл мекунад. Мавзуи достони «Давоми умр» (1965) халк ва Ленин аст. К. барои бачахо достонхои «Гуфтугу бо мехмон» (1958), «Писарчаи чахондидаи ман» (1957), «Киссаи пахта» (1959) ва г.-ро навиштааст. Пьесахояш «Кахрамони чавон» (1942), «Дили оташин» (1948), «Таркиш» (1975) ва «Шайтон (1980) дар театрхои точик намоиш дода мешаванд. Очеркхояш дар мачм. «Аз паи ситорахои паррон» (1973) фарохам омадаанд. Асархои К- ба забонхои халкхои СССР тарчума шудаанд. Бо ордени чанги ватании дарачаи 1—2, ордени «Нишони Фахри» ва медалхо мукофотонида шудааст. Аз с. 1947 узви ИН СССР.

Ос.: Шамшер ва рангинкамон, Д-. 1974; Гули шом. Д., 1984; Шохиди зинда. Достонхо, Д., 1985.

А. Бобочон.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.