Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / КАДРИЯТ

КАДРИЯТ

КАДРИЯТ, ахамияти мусбат ё манфии объектхои олами берунаро нисбат ба одамон, синф, гурух ва чамъият гуянд, ки на аз руи хусусияташон, балки мувофики истифода шуданашон дар сохахои фаъолияти инсони, манфиату талаботи муносибатхои ичтимои муайян мешаванд; меъёру тарзи арзёбии ахамиятест, ки дар нормахои принципи ахлоки, идеал, таълимот ва макксад ифода мешавад. Дар шакли чамъиятии таърихан муайян дорои хусусиятхои фарккунанда ва дарачаи муайяни К. мебошад. ки системаи онхо дарачаи баландтари танзими  ичтимоиро ташкил медихад. Дар он маъмулан меъёрхои аз тарафи ичтимоъ (чамъияти мазкур ва гурухи ичтимои) эътирофшуда ба вучуд меоянд, вале дар хамин замина назорати конкрети ва системахои махсуси он, ки ба барсохти чамъияти мувофикат мекунад, ба вучуд меояд.

Хамаи падидахо, ходисаю вокеахои прогрессиви ва мероси мадании гузашта дар чараёни дониш, хакикатхои илми, бехбуди, хушбахти ва диг. хусусиятхои ахлокию эстетикии одамро К.-и ичтимои муайян мекунад. Тарзи баходихи ба онхо мусбату манфи (хайру шарр, дурусту нодуруст, хусну кубх ва г.) шуда метавонад. К. дар чараёни инкишофи таърихии чамъият ташаккул меёбад ва аз як шакл ба шакли дигар мегузарад. Чун, ин чараёнхо ба тагйири сохахои гуногуни хаёти инсон вобастаанд, худуди замонии онхо хам аз доираи тагйироти ичтимоию иктисоди ва сиёси берун мебарояд. Мас., «К.-и эстетикии давраи атика ахамияти худро баъди бархам хурдани маданияти атикаи Юнон низ гум накардааст.

Дар чамъиятхои антагонисти синфхо рочеъ ба К. тасаввуроти гуногун (хайр, хакикат, озоди ва г.) хосил мекунанд, вале пайваста ба онхо К-и умумиинсони нормахои муайяни ахлок (мероси пешкадами маданияти маънавии гузашта) амал мекунад.

Ш. Сулаймонов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …