Маълумоти охирин
Главная / Биология / КАБЗИЯТ

КАБЗИЯТ

kabz

КАБЗИЯТ (аз ар. — гирифтан, гирифт кардан), сахт шудани меъда, муддати дароз (зиёда аз 2 шаборуз) хорич нашудани начосат, ё бо душвори казои хочат карданро гуянд. К. атоники (мустахри) ва ташанучи мешавад, ки ба онхо К.-и неврогени, рефлекси, гипокинези (аз камхаракати), алиментари (гизои) ва механики мансубанд, хангоми беморихои системаи марказии асаб ва ихтилоли рефлексхои шарти К.-и неврогени ва дар мавриди беморихои рудаи рост ва суст шудани фаъолияти гипофиз, гадудхои сипаршакл, тухмдон К.-и рефлекси руй медихад. К.-и гипокинези аз камхаракати ва К.-и алиментари дар натичаи муддати дароз истеъмол кардани хурокхои камиасч (клетчаткааш кам), кам истеъмол намудани моеот ва захролуди (аз сурб, симоб, никотин, морфия, атропин, дорухои таскинбахш ва г.) cap мезанад. К.-и механики зимни тангшавии руда, модарзод дароз будани рудаи гафс, беморихои илтихоби ва дивертикули (барчасташавии) руда пайдо мешавад. Хангоми К. шикам дам карда, халамонанд дард мекунад; бемор беиштихо шуда, орук мезанад, зоикааш суст мешавад. Муолича: истеъмоли хурокхои сернасч (мева, сабзавот ва г.), канд, асал, шарбати мева, чургот, оби минерали, дорухои мусхил (бо тавсияи духтур). Хангоми К. масхи шикам тавсия мешавад.

  1. М. Вобохочаев.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …