Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / КАБРИСТОНИ АШТ

КАБРИСТОНИ АШТ

КАБРИСТОНИ АШТ, ёдгории археологии мансуб ба а-хои 1—2 ва 6 —7, ки дар чан. шарки дехаи Ашт, p-ни Ашти вил. Ленинобод вокеъ аст. К. А-ро С; 1885 шаркшиноси рус Н. И. Веселовский кашф ва чанде аз курумхоро тадкик намуд. С-хои 1957, 1961, 1966, 1973 кормандони сектори археологияи Ин-ти таърихи АФ РСС Точ. тадкики К. А.-ро идома доданд. К. А. аз 50 куруми борат аст. Курумхо ба теппаи санги монанд буда, баландиашон то 2,5 м ва диаметрашон 7—13 м аст. Курумхои К. А. мугхона ва устадон доранд. Аз кабрхо тиру пайконхои филизии секира (а-хои 3, 6—7 м.), корд, сагаки халкадори тасма, чархдуки сафоли, сурмасанг, халкахои оханию биринчи, ангуштари, дастпона, зангулача, оина, мухра, овеза, тангахои биринчии хитои, дулча, куза, табак, тубаку зуруфи сафолие ба даст омаданд, ки онхоро бо ангоб андудаанд.

Ад.: СалтовскаяБ. О раскопках могильников Ашт и Дашти Ашт в 1973 г., APT, в. XIII (1973), Д., 1977.

Б. Д. Салтовская.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.