Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Журнали «Паёми навин»

Журнали «Паёми навин»

«Паёми навин» (то соли 1955 «П а ё м и на в»), журнали хармохаи адабию ичтимоии эрони; наш­рияи Анчумани равобити фархангии Эрон бо Иттифоки Совети. Шумораи аввалинаш июли 1944 дар Техрон нашр шудааст. Мухаррирони «Паёми навин» солхои гуногун профессор Саид Нафиси, нависандагон Бузурги Алави ва Бедозин буданд. «Паёми навин» бо нияти ривоч додан ва мустахкам намудани робитахои фарханги ва дустии байни Эрону Иттифоки Совети ташкил ёфта буд. 66 -шумораи он ба табъ расид.

Соли 1955 бо дахолати хукумати шоханшохи нашраш катъ гардид. Соли 1958 аз нав баркарор шуд. «Паёми навин» осори нависандагон ва олимони Эрону Иттифоки Советиро интишор намудааст. Дар он доир ба чараёни зиндаги ва фаъолияти сиёсии Владимир Илич Ленин, хаёту эчодиёти на­висандагони гузаштаву хозираи рус ва дигар халкхои СССР (Александр Пушкин, В. Белинский, Лев Толстой, Н. Гоголь, М. Лермонтов, А. Чехов, Максим Горкий, Михаил Шолохов, Чингиз Айтматов, Расул Гамза­тов ва дигар) маколахо дарч ёфтаанд.

Дар «Паёми навин» инкишофи илм, адабиёт ва иктисодиёти Точикистон хам инъикос шудааст. Дар он осори Садриддин Аини, Пайрав, Мирзо Турсунзода, Б. Рахимзода, Пулод Толис, Муъмин Каноат, К. Ки­ром ва маколахои Х. Солехбоев «Фарханги Точикистон», 3. Хохаев «Институти тиббии Сталинобод», А. Мадаминов «Чумхурии Точикистон», Р. Хошим «Насри имрузаи Точикис­тон», А. Сурков «Газалсарои точик* (дар бораи Мирзо Турсунзода) ва гайра ба табъ расидаанд. Солхои охир нашр шудаааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.