Маълумоти охирин
Главная / Илм / Хазрати Одам

Хазрати Одам

Хазрати Одам, Абулбашар, Булбашар, Xалифотуллох, Сафиуллох, Абулвафо, Абумухаммад, Муаллимуласмо, Аводим, дар асотири мусулмонон, яхудиён ва насрониён нахустин одам ва падари одамиён, чуфти Хавво, ки гуё Худованд уро аз хок офарида, баъди чихил руз ба у чон ато кардааст. Бо фармони Худо хамаи малоик Одамро сачда карданд, чуз Иблис.

Худо Одамро дар бихишт чойдод ва Хавворо аз кабургаи чапи У офарид ва хурдани гандум (ба ривояти «Таврот» хурдани себ)-ро ба оихо манъ кард. Ва гуё Иблис бо ёрии мор ба бихишт даромада Одам ва Хавворо ба васваса андохт, то гандум хурданд. Аз ин кор худованд ба хашм омада, Одам ва Хавворо аз бихишт берун партофт ва онхо бар Сарандеб ном мавзеи Хиндустон фуруд омаданд (ин амрро дар истилохоти дини Хубути Одам гуянд).

Одам ва Хавво дар эчодиёти даханакии халки точик ва ашъори шоирони классикии форс-точик хамчун образхои бадеии асотири истифода шу­даанд. Саъдии Шерози ба киссаи Одам ва Хавво чунин ишора дорад:

Хадиси ишк агар гуй гунох аст.

Гунохи аввал аз Хавво буду Одам.

Хофизи Шерози дар байти зерин киссаи Одамро зикр менамояд:

Ман малак будаму фирдавси барин чоям буд,

Одам овард дар ин дайри харобободам.

Мирзо Абдулкодири Бедил киссаи Одам ва Хавворо бо оханги баланди ичтимои танкид кардааст:

Афсонаи бетамизии оламро

Фахме куну вогузор бешу камро.

Шайтон гардид кобили тавки лаънат,

Берун карданд аз бихишт Одамро.

Дар афсонаву ривоятхои халкие, ки бештар характери дини до­ранд, Одам ва Хавво бо номхои «Хазрати Одам» ва «Момохавво» ёд мешаванд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …