Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУШВАКТОВ Хушбахт Давлатович

ХУШВАКТОВ Хушбахт Давлатович

xushvaktov-x-d

ХУШВАКТОВ Хушбахт Давлатович (тав. 9. 12. 1926, дехаи Рушони ВАБК), рассоми советии точик. Рассоми Халкии РСС Точикистон (1974). Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Точикистон (1967). Аъзои КПСС аз с. 1962.

Иниститути давлатии рассомии ба номи В. И. Суриков ш. Москваро хатм кард (1960). Баъд муаллими Омузишгохи рассомии Душанбе буд. Солхои 1961—82— раиси Правленияи ИР Точикистон. Хануз аз асари нахустинаш—«Водии Олой», ки дар он пейзаж бо як услуби хоси рангомези, бо мутобикати дакики чузъхо ва хеле табии каламдод шудааст, рохи минбаъдаи эчодиёти Xушвактов муайян гардид. Дар эчодиёти Xушвактов пейзаж мавкеи намоён дорад. Зебоихои нотакрори кишвари хушманзар дар мусавварахояш («Хоруг», «Окбайтал», «Бегохии водии Аличур», «Пики Леинн», ва г.) бо тамоми шукуху назокаташ падид омадааст. Xушвактов ба рангомезии гуногун ва тобишхои нозук диккат медихад. Xушвактов муаллифи бисёр асархои мавзуист («Чеварон», «Замини навкорам», «Хотирот»), ба мавзуи таърихию революциони хам даст задааст; («Солиёни пешин», «Мактуби дохи», «Сарбозони инкилоб») ва г. Xушвактов махсусан дар бораи бунёдкорони ГЭС-и Норак асархои зиёд офаридааст («Хангоми истирохат», «Созандагони Норак», «Вахши мутеъгашта», «Субхи Норак» ва г.). Барои ин силсила у, лауреати Мукофоти давлатии РСС Точикистон ба номи Рудаки (1977) шудааст. Асархоят дар намоишгоххои байналхалкии Канада, Бирма, Афгонистон, Венгрия, Франция, Италия намоиш дода шудаанд. Аз с. 1961 уэви ИР СССР. Бо ордени «Нишони Фахри», медалхо ва грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон мукофотонида шудааст.   Р. Гаврилова.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.