Маълумоти охирин

ХУСРАВ

xusrav-va-shirin

ХУСРАВ-Хусрави Парвиз, яке аз персонажхои «Шохнома”-и Фирдавси ва достонхои “Хусрав ва Ширин” («Фарход ва Ширин»). Прототипи ин образ подшохи сулолаи Сосониён Хусрави II Парвиз мебошад. Дар асархои фолклори, адабиёти бадеи, махсусан, достони Низомии Ганчави образи Xусрав чун як намояндаи табакаи феодалон, хукмроне тасвир гардидааст, ки бо вучуди аз илму хунар бохабар буданаш, дар мамлакатдори рою тадбири окилонаро пеш нагирифта ба ишратпарасти, хулку атвори зишт руй меоварад. Дар рохи ишку вафо устувор нест. Фарход — намояндаи хунармандон ва захматкашон, ки аз чихати ахлок аз Xусрав бартари дорад, дар набарди сухан вайро мулзам мекунад. Xусрав дар охири умр ба таъсири Ширин хулку атвори ношоистаи худро тагйир дода, рохи адолатро пеш гирифт, вале ба дасти фарзандаш — Шеруя кушта шуд.

Ад.: Алиев Г. Ю., Легенда о Хосрове и Ширин в литературах народов Востока. М., I960.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …