Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУСРАВИ I АНУШЕРВОН

ХУСРАВИ I АНУШЕРВОН

ХУСРАВИ I АНУШЕРВОН (с. тав. номаълум — ваф. 579), подшохи Эрон аз сулолаи Сосониён (хукмр. 531— 579), писари Кубоди I. Баъди пахш карда шудани харакати Маздакия ба тахти шохи омадааст. Барои мамлакатро аз вазъияти душвори иктисодию ичтимои баровардан ва пешгири кардани харакатхои халки як катор ислохоти саркардаи падарашро ба охир расонд. Хироч ва андози сарикаси чори намуд (одамони синнашон аз 20 то 50-сола мувофики молу мулкашон аз 4 то 12 дирхам андоз медоданд). Xусрави 1 дастгохи давлатиро ба тартиб дароварда, худуди хокимону амалдорони вилоятхоро махдуд, армияи мунтазам ташкил кард ва г. Мувофики ислохоти Xусрави I ашрофон, рухониён, амалдорон, котибони давлати ва кушун аз андози сарикаси озод буданд.

Xусрави I ба сиёсати беруна диккати махсус медод. Бо максади ба роххои тичорати сохиб шудан ва ба б-хои Сиёх ва Миёназамин баромадан бо Рум (Византия) чангхои зиёде кард (540—570).

Ад.: История Ирана, М., 1977.

К. Бобоев

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.