Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ХУСРАВИ ДЕХЛАВИ

ХУСРАВИ ДЕХЛАВИ

amir-xusravi-dehlavi

ХУСРАВИ ДЕХЛАВИ Яминуддин Абулхасан Амир (1253, ш. Патёлии сохили дарёи Ганг — 27. 9. 1325, Дехли), шоир ва мутафаккири форсизабони Хиндустон. Падари у Сайфуддин Махмуд бо оилааш дар арафаи истилои мугул аз ш. Кеш (хозира Шахрисабз) ба Хиндустон фирор кард. Xусрави Дехлави дар 20-солаги тахсили илмхои расмии замонашро ба поён расонда, дар дарбори хокимони Банголаю Дехли дар вазифахои гуногун хидмат кардааст. Xусрави Дехлави . аз 7—8-солаги ба шеъргуи пардохта, дар 12-солаги шеърхои пухта гуфтааст. Дар шеърхои аввалинаш «Султони» тахаллус доштааст. Зиндаги Xусрави Дехлави дар яке аз даврахои хеле ноором ва пур аз кашмакашхои сиёсии Хиндустон гузаштааст. У шохиди бевоситаи бисёре аз ин ходисахо буда, кисми зиёди онхоро дар осори худ инъикос кардааст. Шоир 52 соли хаёташро дар мухити адабии дарбор ва хидмати хокимону султонхо гузаронда, кабохати хаёти феодали ва дасисакорихои дарбориёнро бо чашми худ дидааст.

Xусрави Дехлави бо вучуди номусоидии рузгор ва гирифторихои мухити дарбор аа худ осори гаронбахои манзуму мансури зиёде боки гузоштааст. Муаллифони сарчашмахои адаби нависандаи нихоят сермахсул ва сохиби таълифоти бисёр будани уро таъкид намуда, мероси бадеиашро ба «бахри беканора» монанд кардаанд. Xусрави Дехлави кариб дар тамоми навъхои маъмули шеъри классики, аз кабили газал, касида, рубои, китъа, тарчеъбанд, таркиббанд, маснави ва г. асархои манзуми хурду калони зиёде офарида, доир ба масъалахои таърих, тасаввуф, назарияи назму наср, сабки адабию санъатхои бадеи, ннчунин дар фанни мусики як катор китобу рисолахои пуркимати илми таълиф намудааст. Xусрави Дехлави баъзе шеъру таълифоти худро ба забонхои урду ва араби эчод кардааст ва мухаккикони хинду уро асосгузори назми урдузабон мешуморанд. Xусрави Дехлави дар таърихи адабиёти форс-точик нахустин шоирест, ки панч девони ашъор тартиб дода, ба хар кадоми онхо шеърхои дар даврахои гуногун эчодкардаашро дохил карда, ба онхо мувофики даврахои хаёташ номи махсус гузоштааст. Чоми, Навои, Мушфики ва диг. шоирон ин анъанаро давом дода, 3,4 ё 5 девони ашъор тартиб додаанд. Девони якуми Xусрави  Дехлави— «Тухфат-ус-сигар» (1273) ашъори дар синни 16—19-солаги навиштаи шоирро дар бар мегирад. Ин девон аз касоид, тарчеот, китаот, газалиёт, рубоиёт ва маснавии хурде иборат буда, 3000 байтро ташкил медихад. Девони дуюм — «Васат-ул-хаёт» (1285) 4401 байт дошта, шеърхои дар 20—34-солаги эчодшудаи уро фаро гирифтааст. Девони сеюм—«Гyppaт-ул-камол» (1297) 8800 байт шеъри аз 34 то 43-солаги навиштаи шоирро дар бар мегирад. Аксари касидахои калони фалсафию ирфонии Xусрави Дехлави дар ин девон чой гирифтаанд. Дар девони чахорум — «Бакияи накия» (1318) 8360 байт ашъори дар давраи 43—65-солаги сурудаи у чамъ оварда шудааст. Девони панчум — «Нихоят-ул-камол» (1325) дар хачми 4084 байт мураттаб шуда, ашъори баъди с. 1318 навиштаи шоирро дар бар мегирад. Чамъи девонхои панчгонаи Xусрави Дехлави шомили 32645 байт мебошанд. Илова бар ин боз як силсила газалиёти шоир (такр. 5000 байт) бо сабабхои номаълуме ба девонхои у дохил нагардидаанд. Кисмати асосии девонхои Xусрави Дехлавиро газалу касида ташкил менамояд. У бештар аа 2000 газал ва 10100 байт касида навиштааст. Xусрави Дехлави дар такомулу тавсиаи газал сахми арзанда гузоштааст. Газалхои Xусрави Дехлави соддаю равон, хушоханг, рангоранг ва латиф буда, як кисмашон ба «Шашмаком» дохил гардидаанд. Дар газалиёти у масъалахои ишку ошики, бесуботии чахон, шикоят аз рузгор, панду ахлок, мазаммати баъзе ахкоми шаръи, тасвири табиат, май, хасби хол ва г. ба миён гузошта шудаанд. Хочуи Кирмони, Имоди Факех, Хофизи Шерози, Камоли Хучанди, Котиби, Чоми, Бинои, Восифи, Хилоли ва диг. ба газалхои Xусрави Дехлави назираю чавобияхо навиштаанд. Xусрави Дехлави дар касида хам устоди баркамол будааст. У аз касидахои Хокони, Санои, Абдулвосеи Чабали, Захири Форёби ва Камолуддин Исмоил илхом гирифта, баландии махорат, нуктасанчи, тозахаёли, бакорати фикр ва навпардозихояшро дар ин шакли шеър чилвагар сохтааст. Хурдтарин касидахои у аз 33 байт ва калонтарини онхо аа 250 байт иборат буда, дар мавзуъои гуногун эчод шудаанд. Аксари касидахои шоир мадхи ва фалсафию ирфони мебошанд. Аммо у касидахои мадхияшро на бо хохиши дил, балки аз руи зарурат ва эхтиёчоти зиндаги гуфтааст. Дар касидахои фалсафию ирфонии Xусрави Дехлави масъалахои ахлокию тарбияви ва эътикоду мафкура дар шаклхои бисёр чолиб бо таъбирхои хуби шоирона инъикос ёфтаанд. Шоир аклу инсоф ва раиятпарвариро асоси пойдории давлат ва ободии мулк шуморида, ситамгари, беинсофи, мардумозори, бахили, хашму газабро мазаммат менамояд, подшохонро ба адолатпешаги ва мардумро ба дустию рафокат хидоят мокунад. Хоса ду касидаи у —«Дарёи аброр» ва «Миръот-ус-сафо» шухрати хеле зиёд пайдо карда, дар даврахои минбаъда боиси ба вучуд омадани як силсила касидахои чавобия гардидаанд (Чомй, Навои, Мирхонд, шоирт турк — Нафъи ва диг.). Чоми хатто дар шархи як байти «Миръот-ус-сафо» рисолаи мухтасаре таълиф намудааст. Як катор касидахои Xусрави Дехлави хусусияти шикваи ва тарчумаихоли доранд.

Xусрави Дехлави дар таърихи адабиёти форс-точик чун шоири маснависаро шухрат ёфтааст. У аввалин шахсест, ки ба «Хамса»-и Низомии Ганчави чавоб навишта, сабабгори дар адабиёти форс-точик ва туркизабон ба вучуд омадани як силсила «Хамса»-хои чавобия ва ба анъана даромадани «Хамса»-нависи гаштааст.

«Хамса»-и Xусрви Дехлави аз 17896 байт иборат буда, дар муддати се сол (1299 —1301) эчод шудааст ва маснавихои зеринро дар бар мегирад: «Матлаъ-ул-анвор» (3310 байт, дар чавоби «Махзан-ул-асрор»-и Низоми); «Ширин ва Хусрав» (4124 байт, с. таълифаш 1299; дар чавоби «Хусрав ва Ширин»-и Низоми); «Мачнун ва Лайли» (2650 байт, с. таълифаш 1299; дар чавоби «Лайли ва Мачнун»-и Низоми); «Оинаи Искандари» (4450 байт, с. таълифаш 1300, дар чавоби «Искандарнома»-и Низоми); «Хашт бихишт» (3352 байт, с. таълифаш 1301, чавобияи «Хафт пайкар»-и Низоми). Xусрави Дехлави ба сюжет, мазмуну мундаричаи маснавихои «Хамса»-и Низоми тагйирот дароварда, дар халли мавзуъ, тасвири вокеахо ва хислати кахрамонон равияи дигар — истифода аз сюжетхои фолклору адабиёти хинд, тасвири ходисаву вокеоти Хиндустон ва г-ро пеш гирифтааст (мас., дар «Хашт бихишт»).

Xусрави Дехлави инчунин дар мавзуъхои таърихи ва махаллии Хинд устои, иклиму табиати кишвар ва оину русуми мардуми он достонхои зеринро офаридааст: «КЦирон-ус-саъдайн» (с. таълифаш 1289; 3944 байт); «Мифтох-ул-футух» (с. таълифаш 1291; 750 байт); «Дувалрони ва Хизрхон» (с. таълифаш 1315—16; 4519 байт). Асоси сюжети ин достон вокеаи хаёти—саргузашту ишки писари султони замон мусулмонзода Хизрхон ва хиндудухтари асирафтода Дувалронист, ки ба сабаби нобаробарихои ичтимои ва расму оини дини ба таври фочиави анчом меёбад. Максади Xусрави Дехлви дар ин достон таргиби дустию рафокат байни хиндувон ва мусулмонхост; «Нух сипехр» ё «Султоннома» (с. таълифаш 1318; 4509 байт) дорои 9 боб буда, дар он 8 бахри аруз ва 19 вазн истифода шудааст. Xусрави Дехлави дар таърихи адабиёти форс-точик аввалин шоирест, ки як достонро бо чанд вазн навиштааст. Дар ин достон аз вокеахои таърихии ду соли аввали хукмронии Кутбуддин Муборакшохи Хилчи (хукмр. 1316—20), лашкаркашихо ва иморатхои у, ситоишхои Дехли, Хиндустон, забони санскрит, обу хаво, гулхою мевахо, паррандагону хайвонот, илму дониш, мусикию суруд, хубону хунармардони он сарзамин, баъзе масъалахои ахлок, расму одат ва акоиди хиндухо сухан рафтааст. Xусрави Дехлави дар бораи Хиндустон ва мардуми он бо мехру садокат сухан ронда, миёни мусулмонону хиндухо тафовуте намегузорад; «Туглукнома» (3000 байт) вокеоти давраи салтанати Гиёсуддин Туглукшох (хукмр. 1320—25) ва баъзе корнамоию галабахои уро дар бар мегирад.

Аз осори насрии Xусрави Дехлави гайр аз порчахои алохида иншою дебочахои девонхояш, «Хазоин-ул-футух» ва «Эъчози Хусрави» ном асархои калонхачм махфуз мондаанд. «Хазоин-ул-футух» (с. таълифаш 1311), ки баъзан бо унвони «Таърихи Алои» хам зикр гардидааст, асари таърихи буда, вокеахои таърихии 16 соли аввали хукмронии султон Алоуддини Халчи ва лашкаркашию галабахои уро дар бар мегирад. Андаруни насри он аз эчодиёти худи Xусрави Дехлави порчахои зиёди шеър ба забонхои точикию араби оварда шудаанд. Сарлавхахои он дар назм ва бо вазнхои гуногун омадаанд. Забонаш маснуъ ва то андозае мушкилфахм аст. Он барои омухтани таърихи Хиндустон дар ох. а. 13 ва авв. а. 14 ахамияти калон дорад. Хамчунин баъзе мухакикон таълифи «Афзал-ул-фавоид», «Манокиби Хинд» ва «Таърихи Дехли» ном асархои насриро низ ба калами у нисбат додаанд

Xусрави Дехлави инчунин мусикишиносу охангсози маъруф буда, оид ба назарияи мусики се рисола таълиф намуда, дар асоси омезиши охангхои мусикии хинди бо мусикии Осиёи Миёна ва Афгонистону Эрон як силсила савту охангхои дилнишин офаридааст. Ихтирои охангхои мусикии «Мучир», «Созгори», «Ушшок», «Мувофик,», «Гoзон», «Фаргона», «Зилоф», «Саропарда», «Бохарз», «Тарона», «Хаёл», «Нигор», «Басит», «Шохона»,инчунин асбобхои мусики: дилрубо, саранги ва сато (сетор) ба у нисбат дода мешаванд.

Осори адабии пурарзиш ва гуногуншаклу мухталифмазмуни Xусрави Дехлави| боиси баркарор гардидани пояи адабиёти форсизабони Хиндустон ва боз хам бештар инкишоф ёфтани он гардидааст. У дар инкишофи адабиёти халкхои нимчазираи Хинд хиссаи калон гузошта, аз чихати мавзуъ ва шаклу услуб ба адабиёти форсизабони он диёр тозагихои зиёде ворид кардааст. Навоварихои у дар китъа, тарчеъбанд, таркиббанд ва алалхусус, рубои равшан ба назар мерасад. Xусрави Дехлави нахустин шоирест, ки дар шакли рубои «Шахрошуб» навиштааст. Навпардозии дигари у дар рубоии мустазоду муаммодор, инчунин мустахкам намудани робитаи мантикии байтхои рубои зохиргашааст. Xусрави Дехлави мувофики нишондоди адабиётшиноси Хиндустон Шиблии  Нуъмони, илова ба ташбеххои тозаи офаридааш, ихтироъкунандаи хафт санъати нави бадеи мебошад. Макоми эчодиёти у дар алокаманд намудани адабиёти форс-точик бо адабиёти форсизабони Хиндустон ва устувор гардидани равобити адабию фархангии мардуми Мовароуннахру Хуросон бо халкхои сарзамнни Хинд низ бузург мебошад. Эчодиёти Xусрави Дехлави, аз як тараф, комёбихои адабиёти форс-точики асрхои пешинро дар худ тачассум намуда, боиси дар адабиёти форсизабони Хиндустон нуфуз пайдо кардани анъанахои адабии Мовароуннахру Хуросон гардида бошад, аз тарафи дигар, ба даврахои баъдинаи инкишофи адабиёти форс-точик таъсири амик, расонидааст. Нуфузи Xусрави Дехлави дар инкишофи адабиёти форс-точик то андозае калон аст, ки бидуни омузиши эчодиёти у баъзе падидахои адабии таърихи ин адабиётро дарк намудан имконнопазир мебошад. Дар осори Xусрави Дехлави нахустин унсурхои сабки хинди ба назар мерасад.

Омузиш ва дастраси хонандагон гардонидани осори у танхо баъди галабаи Революсияи Кабири Социалистии Октябрь огоз ёфтааст. Дар Иттифоки Совети матни илмию интикоди ва илмию оммавии як катор асархои Xусрави Дехлави ба табъ расонида шуда, доир ба эчодиёти у тадкикот ба анчом расид. Дар ин бобат олими точик М. Бакоев сахми муносиб гузоштааст. С. 1975 бо карори ЮНЕСКО 700-солагии зодрузи Xусрави Дехлави дар чахон чашн гирифта шуд. Ба ин муносибат осори мунтахаби шоир дар чахор чилд ба алифбои имрузаи точики нашр гардид, ки нахустин чопи муфассали эчодиёти у дар Иттифоки Совети мебошад. Илова бар ин, нависандаи точик Г. Абдулло дар заминаи достони «Дувалрони ва Хизрхон»-и у бо номи “Фарёди ишк” пьесае навишт, ки онро Театри давлатии академии драмаи РСС Точикистон ба номи А. Лохути ба сахна гузоштааст,

Ос.; Осори мунтахаб, ч-хои 1—4, Д., 1971-1975.

Ад.: Бакоев М., Хаёт ва эчодиёти Хусрави Дехлави, Д., 1975.

А. Алимардонов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …