Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ХУШКОРИХОИ РИДАКОН»

«ХУШКОРИХОИ РИДАКОН»

«ХУШКОРИХОИ РИДАКОН», яке аз асархои адабиёти пахлавист (соли таълифаш номаълум). То замони мо матни позандии он (ниг. Позанд) расидааст, ки такр. асрхои 8—9 мураттаб гардидааст. Асар бо чумлаи «Ин дастурхоро устоди дабиристон додааст» шуруъ мешавад. Сипас, панду андарзхо, аз кабили субхгохон  аз хоб бархостан, дасту руй шустан, хангоми омузиши дарс бодиккат гуш додан ба суханони устод, саъю кушиш доштан, одоби таомхуриро риоя кардан, рафтору кирдори неку доштан ва г., ки аз хушкорихои хар як чавон ба шумор мераванд, оварда шудаанд. Чунин хушкорихоро зардуштиён ба кудакони худ аз кадим то ба имруз (дар чомеаи зардуштиёни шт. Гучароти Хин­дустон) меомузанд. Бо мурури за­мон якчанд асархои ба «Xушкорихои  ридакон» монанд, аз чумла нусхахои манзуми он низ ба миён омадаанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …