Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУШХОЛХОНИ ХАТТАК

ХУШХОЛХОНИ ХАТТАК

ХУШХОЛХОНИ ХАТТАК  Хушхолхон (18. 6. 1613, Акора—1689 ё 1691), нависандаи афгон, пешвои кабилаи хаттак. Аз с. 1641 хукмрони хонии Хаттаки Акора (ки он тобеи давлати Темуриёни Хинд буд). С-хои 1672—75 хамрохи пешвоёни кабилаи африда ба мукобили Темуриёни Хинд шуриш бардошт; пас аз шикасти шуриш хам у муборизаро ба мукобили онон идо­ма дод.

Xушхолхони Xаттак зиёда аз 300 асари гуногунжанр дар мавзуъхои мухталиф навиштааст. Вале осори у хануз мавриди тадкик карор нагирифтааст.

Осори манзуми у, аз чумла маснавихои «Фазлнома» ва «Бознома» дар «Куллиёт»-аш чамъовари шуда, 40 хаз. байтро дар бар мегирад. Xушхолхони Xаттак навъхои шеър ва коидахои арузи форс-точикро аз бар карда, аз онхо эчодкорона истифода намудааст. У чун шоири газалсаро, муаллифи ашъори лирикии ишки, манзарави ва фалсафи машхур гаштааст. Аз асархои мансури Xушхолхони Xаттак, ки асосан тарчума аз форси ва арабианд, «Дасторнома» (1665) —рисола дар бораи ичрои одобу русуми мусулмони ахамияти калон дорад. Дар ин рисола Xушхолхони Xаттак ба масъаладои одобу ахлоки ичтимои, робитаи эчоди бадеи ва зиндаги, дигар масъалахои ичтимои дахл кардааст.

Ад.: Герасимова А., Гирс Г., Литература Афганистана. Краткий очерк. М., 1963; Массон В. М.. Ромодин В. А., История Афганистана, т. 2. М.. 1965.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.