Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУРАЙМИ Абуяъкуб Исхок ибни Хассон ибни Кухи

ХУРАЙМИ Абуяъкуб Исхок ибни Хассон ибни Кухи

ХУРАЙМИ Абуяъкуб Исхок ибни Хассон ибни Кухи(с. тав. номаълум — ваф. байни солхои 815— 816), шоири сугдинажоди араб. Дар ох. а. 8 ва ибт. а. 9 зиндаги кардааст. Дар шеърхояш аслу насаби худро аз Сугду Ачам нишон дода, Марви Шохичон, Чузчон ва номхои дигар шахрхои Эрон ва Хуросону Мовароуннахрро зикр намудааст. Аз айёми кудаки Xурайми дар байни арабхои кабилаи Гатафон тарбия ёфта, мавло (тобеъ)-и хонадони Хураймии Ноими Мурри ном араб буд ва номи Xурайми аз ин чо ба у дода шудааст. Мувофики маълумоти сарчашмахо шоир дар  Чазира ном мавзеъ дар шим. Ирок, баъд дар Сурия ва Багдод умр ба cap бурдааст. Байни солхои 782— 785 Xурайми хамрохи пуштибони худ Усмон ибни Умар ибни Хурайм, ки аз тарафи арабхо волии Арманистон таъин шуда буд, дар ин кишвар зиндаги кардааст. Баъд ба Багдод баргашта, бо як гурух шоирон ва мутрибону ширинкорон, ки аксарашон арабизабонони эронинажод буданд, шарик мешавад. Xурайми бо ашъори худ, хусусан бо мадхияхояш дар Багдод шухрат пайдо мекунад. Мадхияхои у ба Бармакиён, аз чумла Яхё ибни Холиди Бармаки, ба котиби онхо Мухаммад ибни Зиёд, ба вазир Фазл ибни Сахл ва диг. бахшида шудаанд. Дар шеърхои худ Xурайми  бисёр вокеахои таърихии замонашро акс кардааст.

Ашъори бокимондаи Xурайми аз касидахои мадхия, хачвия, фахр, газал ва зухдиёт иборатанд. Аз лихози шакл ашъори Xурайми дар колиби анъанавии назми кадимии араб эчод шудааст. Вале аз хайси мазмун дар он баъзе навигарихо ба чашм мера санд, зеро Xурайми аз байни шоирони араб нахустин шуда ба мукобили шакли шахшудаи касидахои араби, ки хатман бо тасвири манзили тарккардашудаи махбубаи гайбзада ва изи пои уштурони рафта огоз меёфтанд, баромада, ин усулро масхара мекунад.

Шеърхои Xурайми зебо ва охангнок буда, як катор байту мисраъхои хикматомези онхо хануз дар замони зиндагии шоир ба зарбудмасалу макол табди л ёфтаанд. Т. Мардонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.