Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ХУЛОСАТ-УЛ-АХБОР Фи БАЁНИ АХВОЛ-ИЛ-АХЁР

«ХУЛОСАТ-УЛ-АХБОР Фи БАЁНИ АХВОЛ-ИЛ-АХЁР

«ХУЛОСАТ-УЛ-АХБОР Фи БАЁНИ АХВОЛ-ИЛ-АХЁР («Хулосаи ахбор дар баёни ахволи зиндагии одамони нек»), асари Хондамир, ки ба таърихи умуми оид буда, солхои 1498— 1500 таълиф шудааст. Асар аз дебоча, мукаддима, 10 боб ва хотима иборат аст. Бобхои 1 ва 2 дар бораи пайгамбарон (пеш аз Мухаммад), хакимон ва файласуфони кадим, боби 3 доир ба сулолахои кадимии эрониву араб, бобхои 4 ва 5 дар бораи Мухаммад, хулафои рошидин ва имомхои шиа маълумот медиханд. Бобхои 6—7 ба Умавиён ва Аббосиён, боби 8 ба таърихи сулолахои мухталиф, ба монанди Тохириён, Саффориён, Сомониён, оли Буя, Газнавиён, Гуриён, Исмоилиёни Магрибу Эрон, Салчукиён, Хоразмшохиён, Атобакхо, Каракидониён, Музаффариён, Сарбадорон, Хокимони Систон, Куртхои Хирот оид аст. Дар бобхои 9—10 муаллиф рочеъ ба мугулхо, Темур ва Темуриён маълумоти мухим гирд овардааст. Дар хотимаи асар ш. Хирот в а одамони машхури он дар нимаи дуюми а. 15 тасвир ёфтаанд. «Xулосат-ул-ахбор фи баёни ахвол-ил ахёр» барои тадкики хаёти иктисодию ичтимои, сиёси ва мадании халкхои Мовароуннахру Хуросон дар асрхои миёна сарчашмаи мухим аст. Нусхахои алохидаи асар дар китобхонахои Иттифоки Совети, аз чумла фонди дастхатхои Шуъбаи Ленинградии Иниститути шаркшнносии АФ СССР [№ Д 76 (а 571)] махфузанд.

А. Чалолов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …