Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ХУЛОСАТ-УЛ-АФКОР»

«ХУЛОСАТ-УЛ-АФКОР»

«ХУЛОСАТУЛАФКОР» тазкираест, ки Абутолибхони Табрезии Исфахони (ваф. 1805) байни солхои 1791—93 таълиф кардааст. Аз мукаддима, 28 хадика (боб), 1 зайл (фасл) ва хотима иборат аст. Дар мудкаддима аз хусуси шеъру шоири ва конуну коидахои тазкиранависи, сабабхои ба таълифи тазкираи «Xулосат-ул-афкор» даст заданаш бахс кардааст. Дар 28 г хадика зикри ахвол ва намунахои ашъори 309 шоири ахди кадим, миёна ва мутааххир. (нисбат ба замони зиндагии муаллиф) амадааст. Хотима зикри холу намунахои эчодиёти 23 тан шоирони хамзамони муаллиф ва худи уро дар бар мегирад. Дар «Xулосат-ул-афкор»  (махсусан дар кисми зайл) намунахои ашъори шоирон зиёдтар омадааст, аз ин ру «Xулосат-ул-афкор»  ба мачмуаи ашъор монанд гардидааст.

Аз тазкирахои гузаштагон, махсусан аз «Риёз-уш-шуаро»-и Волехи Догистони бештар истифода шудааст. Дар хадикахо ва зайл баъзе камбудихо (навишти нодурусти номи шоирон, саргузашт ва шеъри якеро ба дигар нисбат додан, нодуруст зикр кардани санахои зиндаги ва г.) дорад.

«Xулосат-ул-афкор» ба табъ нарасидааст. Нусхахои дастнависн он дар китобхонахои Хиндустон, Музеи Британия, Оксфорд ва диг. чойхо махфузанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …