Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХУЛОСАБАРОРИ

ХУЛОСАБАРОРИ

ХУЛОСАБАРОРИ, як шакли чараёни тафаккурро гуянд, ки дар он : аз як ё якчанд мухокима хулоса бароварда мешавад. Хар як Xулосабарори аз мукаддима ва хулоса иборат аст. Мукаддимахои Xулосабарори мухокимахои ибтидои мебошанд. Дурустии Xулосабарори ба риоя намудани шартхои зерин вобаста аст: 1) мукаддимахо бояд хак бошанд; 2) дар чараёни ифодаи фикр робитаи байни мукаддимахо ва хулоса ва коидаю конунхои мантик, мувофикат кунад.

Вобаста ба хусусияти робитаи байни зинахои мухталифи дониш, ки дар мукаддимахою хулоса ифода меёбад, Xулосабарории дедуктиви (лиг. Дедукция), индуктиви (ниг. Индукция) ва тамсили (аз чузъ ба чузъ) мешавад. Хлосабарории дедуктиви аз руи микдори мукаддимахо бевосита ва бавосита мешавад. Хулосабарории бевосита 4 навъ (табдил, акс, мукобилгузори бо хабар ва мураббаъи мантики) аст. Хулосабарори бевоситааз ду мукаддима ва ё зиёда аз он бароварда мешавад. Он агар аз ду мукаддима таркиб ёфта бошад силлогизм аст. Агар аз мукаддимахои зиёд иборат бошад, ва намудхои гуногун (шарти, шартию чудои, чудоию катъи ва г.) дорад. Дар Хулосабарории тамсили аз руи монандии нишонахои мукадддимахо хулоса бароварда мешавад.

Н. Сайфуллоев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …