Маълумоти охирин

ХУЛАНГ

xulang

ХУЛАНГ (Vaccinium vitis-idaea) як навь буттаи хамешасабзи хурдест аз оилаи хулангихо (Vaccinia-сеае). Баландиаш аз 2 то 30 см, баргаш думчакутохи чарммонанд (дарозиаш 0,5—2,5 см), гулаш зангулашакли гулоби, сершахд (охири май-июн мешукуфад), хушагулаш 2— 8 гула. Мевааш мудаввар, сурхранг. Асосан дар бешазори дарахтони сузанбаргу омехтаи Европаи Шимолию Маркази, Осиё. Америкаи Шимоли меруяд. Дар СССР хулангзорхо бештар дар нохияхои шимол чой гирифтаанд. Меваи Xуланг (мохи сент,, баъзан авг. мечинанд) хуштаъм аст, 8—12% канд, 2—3% турши, инчунин, гликозиди вакцинин ва г, дорад. Онро тару тоза ва очоронида истеъмол мекунанд, аз он мураббою повидло мепазанд; дар канноди низ истифода мебаранд. Барги Xуланг 5— 7% гликозиди арбутин, флавонол, моддахои даббоги дорад. Чушоби барги онро хангоми бемории тарбод ва чун доруи пешоброн истифода мекунанд.

А. Ашуров.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …