Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХУЛАНЧОН

ХУЛАНЧОН

xulangon

ХУЛАНЧОН, хулингон, хавланчои, ховлаичон, хусравдор, хусравдору, хисавдору (Alpinia galanga, A. officinarum), гиёхи бисёрсола (аз оилаи занчабилхо) ва доруест, ки аз он тайёр мекунанд. Xулачон решапояи гафсу сергушти хушбуй ва тунд дорад. Бехи хушки онро дар саноати хуроквори чун хушбуй истифода мебаранд. Мевааш хушбуст, онро чун хил истеъмол мекунанд. Аз гул ва хушагулаш хуриш тайёр менамоянд. Хуланчони худруй асосан дар нохияхои тропикии Осиё меруяд. Онро бештар дар Хиндустон, Шри Ланка, Хитой, Ветнам, Индонезия ва г. мепарваранд.

Xуланчон гиёхи шифобахши кадимист. Бино ба маълумоти Абурайхони Беруни ховланчон як пораи чуби качу тобдори сурхи сиёхтобест, ки таъми тунд ва буи хеле форам доштааст. Абуалии Сино Хуланчонро давои куланч ва иллати гурда хисобидааст. Xуланч барои табобати касалихои гурда яке аз давочоти хеле маъмул будааст.

Бехи сурхтоби Xуланч (A. galanga) серохар аст, инчунин 0,04% (дар решапояи A. officinarum 0,7—0,8%) равгани эфир (кофур, цинеол ва г.) дорад. Бисёр мамлакатхои тропикии Осиё беху доруи Xуланч. (A. officinarum)-ро ба мамлакатхои дигар мефурушанд.     М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …