Маълумоти охирин

ХУДО

allah

ХУДО, аллох, илох, холик, парвардигор, эзид, яздон, мавчуди фавкуттабииеро гуянд, ки ба акидаи ахли дин гуё чахон ва чахониёнро офарида, низоми тамоми оламро дар даст доштааст. Xудо хамчун образи тахайюли инкишофи тулониро аз cap гузарондааст. Дар динхои ибтидои эътикод ба образхои асотири ва дигар мавчудоти гуногуни бечон вучуд дошт. Таълимот дар бораи Xудо хамчун кувваи фавкуттабии (Ниг. Теизм) хануз дар динхои пешазисломи ба назар мерасид. Oн бо номи яздон аслан ба халкхои форсинажод тааллук дошта, дар огоз чун хоми, сарвар ва нигахбон аз хавфу хатар истифода шудааст. Баъди нуфузи  ислом дар Шарк мафхуми Xудо ба ал­лох хаммаъно ва хамоханг шуда, хамчун синоними он ба кор бурда шуд. Мувофики ривоятхо пеш аз ислом дар Каъба худохо (санам, бутхо)-и зиёде мавчуд буданд, ки кабилахои араб онхоро мепарастиданд. Бо мурури замон баробари парастиши худохои мазкур кабила ё гурухи кабила яке аз он худохоро хомии худ медонистанд, ки инкишофи баъдинаи он боиси ташаккули монотеизм гардид.

Дар чараёни ба вучуд омадани ди­ни нав дар байни арабхо гояхои динхои ташаккулёфтаи халкхои хамсоя (дини яхуди, масехият ва хатто дини дуалистии зардуштия) интишор ёфтанд. Дар хамин замина дар ибт. а. 7 дар байни арабхо ис­лом ба вуччуд омад, ки Худои он на факат дорои хусусияти Худохои иуда­изм ва масехият, балки як катор хусусиятхои  Худохои  кабилавии арабхои давраи чохилия, зардуштия, монавия, равокия ва г. буд.

kalimai-tayibaРукни аввали ислом калимаи «шаходат» аст, ки он зотан худои яккаву ягонаро ба мусулмонон талкин мекунад. Мувофики ин назария ба чуз аллох Худои дигаре вучуд надорад ва агар касе вучуди Худои дигарро эътироф кунад, гунохи азим содир карда, кофир дониста мешавад. Ислом Худои ягонаи масехиятро, ки дар фарди сегона (падархудо, писархудо ва рухи мукаддас) зохир шуда дар заминаи акидахои фалсафии Юнони Кадим ба вучуд омадааст, рад мекунад. Ин таълимот босуботии исломро нисбат ба дигар динхои монотеисти ифода мекунад

Мувофики таълимоти ислом Xудои яго­на (ал-вохид), зинда (ал-хай), абади, аввалу охир ва зохиру ботин мебошад. Адади хамин хел сифатхои у дар Куръон    99-то сабт шудаанд.

Xудо аз руи таълимоти маъмули ис­лом аз чихати зоту сифат бемислу монанд аст. Лекин вакте ки сухан аз муносибати Xудо ба олам ва одам меравад ва тамоми мавчудоти оламро ба иродаи у вобаста мекунанд, ба Xудои бехтарин хусусиятхои инсони нисбат дода мешавад. Давоми мантикии хамин бахс минбаъд боиси пайдоиши равияхои зиёде дар илохиёти ислом ва фалсафаи он гардид.

Масъалаи муносибати Xудо ба одамон шакли масъалаи озодии иродаро ба худ гирифт, ки Куръон ба он чавоби як ранг намедихад. Дар хамин замина ду чараёни бонуфузи  кадария ва чабария ба вучуд омад.

Дар ислом Xудо на факат мавзуи асосии эътикод ва парастиш, бал­ки хамчун мафхуми фалсафаи иде­алисти дониста мешуд. Назариётчиёни дин силсилаи далелхои мавчудияти Худоро (космологи, телеологи, онтологи, психологи ва г.) тадкик намуда, назарияи дини-идеалистии худро асоснок намуданд, ки дар хамин замина фалсафаи буржуа­зии муосир низ акидахои иррасионалии худро инкишоф дода исто­дааст.

Ба мукобили  акидахои динию иде­алисти дар бораи Xудо таълимоти пантеистии дорои тамоюли натурфалсафи, ки он вахдати худо ва табиатро эътироф мекард (ниг. Пантеизм), ба вучуд омада буд. Дар асрхои миёна мутафаккирони Шарк (аз чумла Фороби, Ибни Сино, Насируддини Туси) таълимоти навафлотуниёнро дар ин масъала асоси назарияи худ карор дода, дар асл мавчудияти худоро эътироф карда бошанд хам, дар боби пайдоиши олам назарияи судурро  пазируфтанд ва дар асоси принсипи сабабият доираи  фаъолияти худоро махдуд сохтанд, ки ин амал огози инкишофи афкори материалистии мутафаккирони Шарк ба шумор меравад.

Тасаввуротро дар бораи Xудо ва шаклхои мухталифи мавчудияти он дар ахди кадиму чадид атеистон ва маърифатпарварон, хусусан материалистони франсавии а. 18 ва Л. Фейер­бах сахт танкид карданд (Ниг. Ате­изм). Марксизм мохияти шаклхои нодурусти шуури чамъиятро нишон дода, аз байн рафтани шаклхои мух­талифи тасаввуроти иррасионали, аз чумла тасаввурот дар бораи Худоро бо бархам додани антагонизми ичтимои ва сохтмони чамъияти бесинфи коммунисти алокаманд мегардонад.                      М. Хазраткулов

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …