Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ХУДОЙНОМА»

«ХУДОЙНОМА»

«ХУДОЙНОМА» (аз пахлавии хватай—шох ва номак—нома), асари таърихи ва адабист, ки такр. дар а. 7 ба забони пахлави таълиф шудааст. Дар мукаддимаи бойсункурги «Шохнома»-и Фирдавси мураттиби «Xудойнома» бо номи Донишвари дехкон ёд шудааст. «Xудойнома» достонхои кахрамони, саргузашгтхои ишкии шохону пахлавонон, киссахои дини ва г, хулоса тамоми матолиберо, ки ба таърихи Эрони Кадим дахл дошт, дар бар мегирифт. Матни пахлавии «Xудойнома» баъди интишори дини ислом аз байн рафт, аммо осори он, порчахои зиёдаш, мухтасари баёни матолибаш дар осори таърихнависони араб ва форс-точик боки мандааст. Ба интишор ва шухрати «Xудойнома» инчунин пахн шудани ривояту киссахои эрони дар ойини арабхо, тарчумахои арабии ин acap мусоидат кардаанд. Ба араби ин асархо дар асрхои 8—9 Ибни Мукаффаъ, Мухаммад ибни Чахими Бармаки, Зодвех ибни Шохвехи Исфахони, Мухаммад ибни Бахром ибни Матёри Исфахони, Хишом ибни Косими Исфахони, Мусо ибни Исои Кисрави, Бахром ибни Мардоншох, Исхок ибни Язид, Умар ибни Фаррухон, Бахроми Хиравии Мачуси, Бахром ибни Мехрони Исфахони ба номхои «Сияр-ул-мулук-ул-фурс», «Таърихи мулуки бани-Сосон», «Сират-ул-фурс» тарчума ва тахзибу такмил карда буданд. Китоби дигаре бо номи «Таърихи мулук-ул-фурс-ул-мустахрач мин хизонат-ил-Маъмун» низ тарчумаи арабии «Xудойнома» мебошад. Аз ин тарчумахо адибону муаррихони асрхои 9—10-и араб ва форс-точик Табари, Балъами, Хамзаи Исфахони, Саолиби, Ибни Надим Масъуди, Ибни Кутайба, муаллифи «Мучмал-ут-таворих в-ал-кисас», мураттибони «Шохномаи Абумансури» ва диг. ёд кардаанд. Муаллифони мазкур тамоми матолибро доир ба таърихи Эрони Кадим ва ахди Сосониён аз тарчумахои арабии «Xудойнома» гирифта буданд. Мас., дар «Уюн-ул-ахбор»-и Ибни Кутайба порчахои зиёде бевосита аз тарчумахои арабии «Xудойнома» иктибос шудааст, ки тавассути онхо аз асли «Худойнома»-и пахлави низ иттилоъ пайдо метавон кард. «Xудойнома» яке аз манбаъхои асосии «Шохнома»-и Масъуди Марвази, «Шохнома»-и Абулмуайяди Балхи, «Шохномаи Абумансури», «Шохнома»-и ма»-н Абуалии Балхи ва «Шохнома»-и Абулкосими Фирдавси гардидаст.

Ад.: Розен В. Р., К вопросу об арабских переводах «Худойнаме», дар мачм.: «Восточные заметки». СПб., 1895;

  1. Диловаров.

Дар борамон

Инчунин кобед

САЪФА

САЪФА, нигаред, Трихофития.