Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ХУДБИНИ

ХУДБИНИ

ХУДБИНИ, эгоизм, сирати шахсеро гуянд, ки манфиатхои худро аз нафъи чамъият афзал медонад. Xудбини хилофи гайрбини (алтруизм) буда, мазмуну мохияти зиддигуманисти дорад. Дар афкори ахлокии мутафаккирони асрхои миёнаи форс-точик Худбини хислати бади инсони ба шумор рафта, ба он фазилатхои неки ахлоки мукобил гузошта шудааст. Муаллифонн  «Ахлоки  Hосири» ва «Ахлоки Чалоли» Худбиниро бо такаббур ва кибру гурур дар як зина карор дода, ба онхо ахлоки хамидаи инсониро мукобил гузоштаанд.

xudbimi

Xудбини дар чамъияти капиталисти меъёри фаъолии инсон дониста мешавад ва он хусусияти зиддичамъиятию  иртичои дорад. Ахлоки коммунисти хар гуна зухуроти Худбиниро махкум карда, ба он принсипи коллективизм ва хизмати софдилона ба халку ватанро мукобил мегузорад. Марксизм-ленинизм акидаи вучуди абстракти будани инсон ва «табиати азалии Xудбини» доштани уро рад намуда, бартараф сохтани Худбиниро ба бархам додани моликияти хусуси, нобаробарии ичтимои ва барпо кардани чамъияти коммунисти марбут медонад.     М. Мирбобоев.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …