Маълумоти охирин

ХУБАК

ХУБАК, чурак, чирак (Fraxinus raibocarpo), як навъ буттаест аз оилаи зайтунихо. То 6 м кад мекашад. Баргаш пармонанд (аз 3 ва 5-то баргча иборат аст); баргчааш байзашакл, бедандонаи чармгун (дарозиаш то 6 см, бараш то 4 см).Гулаш 4-баргаи сафед, дучинса, мевааш досшакли канотакдор (дарозиаш то 3 см, бараш 1,5 см).

xubak

Дар шароити табийи Точикистон аз тухм зиёд мешавад. Ба рохи нашви (дар натичаи решаронии навдахои бехаш) хам нуми меёбад. Хубак факат дар Помиру Олой (нишебии к-куххои Хисор, Дарвоз, Пётри I ва гайра) вомехурад. Асосан дар бешазори гармсер месабзад. Xубак буттаи хуби ороишист (махсусан дар давраи гулшукуфт). Xубак дар тибби халки низ маъмул аст. Навдаи сербарги онро барои табобати касалии узвхои хозима инчунин бугумдард истифода мебаранд.

М. Хочиматов

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …