Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХОРИКА

ХОРИКА

ХОРИКА (арабаи- аз одат берун, гайриодди), гуфтори гайриодди ва норавшанест, ки дурусти ё нодурустии онро муайян намудан мушкил аст. Xорика одатан ба афкори умум, акоиди маъмул ва хатто ба акли солим мувофикат намекунад. Дар мантик мухокимаеро, ки тавассути он ду хулосаи якдигарро истиснокунанда бармеояд ва исботи хар дуи онхо имконпазир аст, Xорика ё антиномия гуянд. Чунин натичахо на росту на дуруганд.

Дар вакташ мутафаккирони Юнони Кадим ба ин масъала таваччух зохир карда буданд. Такрибан дар ох. а. 19 баъди ба вучуд омадани назарияи мачмуъхо олимон Хорикаро барои халли масъалахои гуногуни математики истифода мебурданд. С. 1895 Г. Кантор, пас аз ду сол Бурали-Форти новобаста аз якдигар Хорикаро кашф карданд.

Хорикаи дигаре, ки онро с. 1902—03 олими англис Б. Рассел ошкор намудааст ба мачмуи хамаи мачмуъхое, ки унсури худ шуда наметавонад, вобаста аст. Математик ва мантикшиноси машхури муосир С. Клини таъкид намудааст, ки аз пайдоиши илми мантики математики зиёда аз ним аср гузашта бошад хам, то хол ягон халли дурусти Хорикаро пайдо кардан мумкин нест. Лекин чунин холат маънои ба инкишофи  илм танхо таъсири манфи расондани Хориакаро надорад. Зеро Xорика назарияхоро гохо шубханок мегардонад ва дар инкишофу такмили назария, мантику математика накши муайян дорад.    Н. Сайфуллоев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …