Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОРИЧИЯ

ХОРИЧИЯ

ХОРИЧИЯ (аз ар. —берун шудан), аввалин фиркаи исломро гуянд, ки дар чараёни муборизаи Али ба мукобили Муовия барои хилофат пайдо шуда буд. Дар ибтидо Xоричия манфиати оммаи васеи халк, хусусан дехкононро ифода мекард ва таълимоти нисбатан демократии чамоаи исломиро таргиб менамуд. Фиркаи мазкур баробарии хамаи мусулмонон, аз чумла ахолии гайриарабро талаб мекард. Таълимоти Xоричия рочеъ ба хилофат ва имомат аз таълимоти ахли суннат ва шиа ба кулли фарк мекунад. Ба акидаи Хоричия халифаю имом хамчун пешвои дини ва сиёсии чамоаи исломи ё давлат бояд интихоби бошанд ва хаман диндорон новобаста аз аслу насаб хукуки интихоб дошта бошанд. Xоричия таълим медод, ки чамоаи хар як махал метавонад барои худ халифа (имом)-ро интихоб намояд, аз тахт бенасиб созад ва хатто ба катл расонад. Ахли Xоричия танхо ду халифаи аввал – Абубакру Умарро конуни дониста, Усмонро эътироф намекарданд. Али ба акидаи ахли Xоричия танхо то давраи мубориза бо Муовия конуни дониста мешуд. Баъзе аз хоричиён акида доштанд, ки гуломони исломро кабулкарда бояд аз гуломи озод шаванд, зеро мусулмон гулом шуда намета вонад. Таълимоти динии Xоричия барои исботи назарияи сиёсии хоричиён хизамат мекард. Онхо намоз, руза ва диг. маросимхоро дакик анчом дода, ба масъалахои ахлоки бештар таваччух доштанд. Хоричиён натанхо покии чисмони, балки покии маънавиро хам талаб намуда, катъиян зидди Гунахкори, шукуху хашамат, тафреху вактхуши (мусики, раксу бози, истеъмоли машрубот) мебаромаданд. Дар натичаи таргиби чунин гояхои таълимоти Xоричия дар илохиёти ислом — калом рукни мухим оид ба таносуби эътикоду амал (бе таквияти амали порсо эътикод бесамар аст) ба вучуд омад. Мувофики он шахсони гунохи кабира содиркарда ва ба хакконияти эътикоди худ шаковарда баробари кофиранд ва бар зидди онхо чиход равост. Катли муртадон принсипи маъмули динии Xоричия эълон гардид. Xоричия нисбат ба адли зардуштия, масехият ва яхудия бетаассуби зохир менамуд.

Зимни мубориза барои хилофат ва тасодумоти байникабилави ох. а. 7 харакати Xоричия аз Ирок ба дигар мамлакатхои араб интишор ёфт. Вале Умавиён муборизаи берахмонаро бар зидди хоричиён пурзур карда нд. Дар натича кисме аз ахли Xоричия алалхусус шахриён аз мубориза даст кашиданд ва фаъолияташонро бо таргиби принсипхои асосии Xоричия махдуд намуданд. Ин гурух бо номи ибодия маъмул аст.

Намояндаи охирини Умавиён Марвони II (хукмр. 744—750) дар натичаи чангхои шадид хоричиёнро шикаст дода бошад хам, хуручхои сершумори хоричиён дар нимчаз. Арабистон иктидори Умавиёнро кохонд ва нихоят боиси шикасти хилофати Умавия гардид. Вале низои дохили боиси тафрикаи Xоричия ва пайдоиши фиркахои азракия, суфрия, хамзия гардид. Минбаъд дар махалхои гуногун фиркахои ахнасия, ачорадия, байхасия, ибозия, маймуния, мукаррамия, шаибия, язидия ва г. аз Xоричия пайдо шуданд.

Ад.: Беляев Б. А., Мусульманское сектакство, М.. 1957; Ан-Наубахти. А л-Хасан ибн Муса, Шиитские секты, М.. 1973; Ислам Краткий справочник, М., 1983.            А. Шарифов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.