Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХОРИ САГАК

ХОРИ САГАК

ХОРИ САГАК, гармалаф, сагакхор (Bldiens triparti), гиёхи яксолаест аз оилаи мураккабгулхо. Пояаш рост, сершох, аз 30 то 150 см кад мекашад. Баргаш 3— 5 парра (дарозиаш 3—7 см); гулаш майдаи зард; мевааш хоракхои кач дорад, ки ба либос ё пашми хайвонот мечаспад; вазни 1000-тоаш 2 —3,5 г. Xори сагак аз июн то сент. гул мекунад.

xori-sagak

Xори сагаки худруи дар шибарзамин, чойхои сернами сохили дарё, чуй, обанбор ва маргзори серрутубат меруяд.

Дар СССР Xори сагакро чун гиёхи доруи соле ба 200 га (минбаъд ба 600 га мерасад) мекоранд. Xори сагак растании хеле обталаб аст. Онро дар мавзеъхои сернам (хавзаи дарё ва сохили обанборхо) мепарваранд. Xори сагакро аз тухмаш зиёд мекунанд. 80—90%-и тухмии ба тозаги чидашудаи он неш мезанад; тухми дар муддати 5 —7 сол кобилияти сабзишашро гум намекунад. Тухмиро тирамох 10—15 руз пеш аз огози сармо (ба чукурии 1 см) ва аввали бахор ба чукурии 2—3 см (байни каторхо 45—60 см) мекоранд. Меъёри кишт ба хар га 10—12 кг. Давраи нашваш 120—140 руз.

Баргу поя ва «сабадак»-и Xори сагак (кисми сербарги болои поя—«алаф») ашёи хоми саноати доруворист. «Алаф»-и Xори сагакро дар давраи гунчабанди (то гулшукуфт) мегундоранд ва дар харор. 45—50 С ё дар чои соя мехушконанд. Аз хар га 6— 15 ц (дар китъахои тачрибави то 24 ц) хосил («алаф»-и хушк) мегиранд.

Дар амалияи тиб Хори сагакро барои табобати диатези бачахо, ширинча, рахит ва г. истифода мебаранд. Чушоби он доруи чидди ширинча аст. Накеъ (настой) -и онро чун доруи пешобу аракрон ва таквиятдихандаи узвхои хозима тавсия медиханд. Xори сагак чузъи доруи омехтаи «Чои Аверин (№ 57) аст, ки бемории ширинчаро бархам медидад.

М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …