Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХОРИ КАРРОК

ХОРИ КАРРОК

ХОРИ КАРРОК, алохор, бозовард, кукухорак (Silybum ma-rianum), гиёхест аз оилаи мураккабгулхо. Пояаш рост, одатан бешоха; 60—160 см кад мекашад. Баргаш калони хордор раххои сафед дорад. Хушагулаш «сабадак»-и калон, дар нуги поя чой гирифтааст; гулаш майда, найчашакли аргувонист. Донаш зардтоб, чилодор. Одатан моххои май — июн гул мекунад, авг.—сент. тухм мебандад.

xori-karrok

Xорри каррок чун алафи бегона дар бисёр мавзеъхои Точикистон (алалхусус к-куххои Хисору Дарвоз ва г.), бештар дар канори роххо, назди икоматгоххо, замини партов, богу киштзор ва г. нуму меёбад; гиёхи доруии кадимист. Чолинус (Гален) онро барои табобати касалихои гуногун истифода бурдааст. Абуалии Сино бо чушоби бехи бозовард никрис, хунпартои, исхоли кухан ва дарди дандонро муолича мекард, инчунин доруи пешоброн ва мукаввии узвхои хозима тавсия медод. Аз он мархам тайёр карда, ба омос мебаст. Табибони халки чушоб ё хокаи тухми Xори каррокро аз кадим барои табобати иллати чигар, сипурз, захрадон ва заъфарма (яракон) истифода мебаранд. Дар фитотерапия (табобати наботи) бо тухми Xори каррок илтихоби чигар, иллати сипурз, захрадон, санги захрадон, заъфарма ва бавосирро муолича мекунанд. Аз Xори каррок дар бисёр мамлакатхо якчанд хел дору тайёр намудаанд. Киёми мевааш чузъи таркибии доруи «Холелитин» аст, ки бо он холецистит, заъфарма ва г-ро табобат мекунанд.

Тухми Xори каррок 16—32% равгани хурдани,  0,08% равгани эфир, витамини К, 5″ флавоноид, зифт, сапонинхо, аминхо (тирания, гистамин) ва г. дорад. М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …