ХОНЛАРИ Парвиз Нотил (тав. 1913, Техрон), адабиётшиноси эрони . Баъди хатми мактаби оли чанде дар мактабхои миёнаи Рашт ва Техрон муаллим буд. Фаъолияти илмию адабии Xонлари серсоха буда, масъалахои гуногуни шеъри форси -точики , адабиёти муосири форси , забон ва тамаддуни гузаштаи халкхои эрониро фаро гирифтааст. Дар монография ва маколахои у — «Шеър ва хунар», «Забоншиноси ва забони форси », «Таърихи забони форси » (ду чилд), «Вомик ва Азро»-и Унсури ва «Шохнома»-и Фирдавси , «Пасту баландихои шеъри нав», «Вазни шеъри_форси », «Тахкики интикоди дар арузи форси » чихатхои мухталифи адабиётшиноси , накди адаби , таърихи забону забоншиноси ва эчодиёти шоирони бузурги форс-точик мавриди тадкик карор гирифтаанд. Xонлари бо хамрохии Забехуллохи Сафо зери унвони «Шохкорихои форси » як силсила асару достонхои маъруф — «Чахор макола»-и Низомии Арузии Самарканди , «Рустам ва Сухроб»-и Фирдавси , «Сафарнома»-и Носири Хисрав ва г.-ро ба чоп хозир намудааст. Xонлари инчунин шоир аст (мачм. «Мох дар мурдоб»). Xонлари нашри ж. «Сухан»-ро (1943—79) ба рох монда, дар таргиби адабиёти мутараккии Эрон ва инкишофи равобити илмию адаби бо дигар кишвархо, аз чумла, Иттифоки Совети хиссаи калон гузоштааст. У ду бор ба Точикистон омада, дар Симпозиуми шеъри форси (1967) ва чашни 650 солагии зодрузи Хофизи Шерози (1975) суханрони кардааст. Баъзе маколаю шеърхои Хонлари ба забонхои руси , точики ва узбеки чоп шудаанд. Доктор ва профессори фахрии УДТ ба номи. И. Ленин. Ф. Начмонов.