Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ХОНАКОХ

ХОНАКОХ

ХОНАКОХ  зовийа, такя, работ, махалли чамъомади дарвешон ва соликони рохи тарикат, ки тахти иршоди пир роху усули маърифати ирфониро меомузанд. Дар ибтидои пайдоиши тасаввуф дарвешон бештар вайронахоро гушаи узлат интихоб мекарданд. Баъдтар теъдоди онхо зиёд шуда, дар Xонакох гурух-гурух чамъ мешуданд. Бино ба акидаи муаллифон «Тароик-ул-хакоик» Мухаммад Маъсуми Шерози аввалин Хонакохро барои суфиён дар Ромлу ном махалли шахри Шом бино карда буданд. Бештари Хонакоххо аз назру хадя ва садакаи накукорон сохта мешуданд ва ба хар яки он шайх в муршиде сардори мекард. Давраи риёзати солик дар Xонакох ба истеъдод ва тарзи таълими шайххо вобаста буд.

poem-or-sufi-4

Дарвешон дар Xонакох марохили сулукро тай менамуданд. Баъд мурид аз шайхи Xонакох ичозат ба иршоди дигарон гирифта, Хонакохро  тарк мекард ва дар шахри дигар Хонакохи тозае хамчун як шуъбаи Хонакохи шайхи худ таъсис менамуд. Хамин тавр чандин Хонакоххо дар шахрхои мухталифи Шарки Миёна ва Наздик ба вучуд омаданд. Сайёхи араб Ибни Батута зимни шархи сафархояш ба мамлакатхои Шарк Xонакох ва работро махалли ташвику таргиби афкори ирфони номидааст.

Мувофики расму одати тасаввуфи муршидони хамаи Хонакоххо ба шайхи Хонакохи нахустин тобеъ буда, пайравони тарикати у ба шумор мерафтанд ва халифаи Хонакохи нахустин ба хамаи тобеони худ хукми раво дошт. Гохо дар байни шайхони Хонакоххои як тарикати муайяни суфия ихтилофе ба вучуд меомад, ки боиси пайдоиши ду силсилаи алохидаи як тарикат мегардид. Масалан, силсилаи нурбахшияю захабия хамин хел ба вучуд омада буданд.

Бино ба акидаи аксари мухаккикони тасаввуф суфиёне, ки дар Xонакох тарбият мегирифтанд, чахор мартабаро бояд аз cap гузаронанд. Мар­табаи аввалро мубтади (омузиши риёзат), дуюмро мутадаррич (ром кардани нафс), сеюмро шайхи (идораи Xонакох) ва чахорумро кутб (пири машоих) меноманд.

Робитаи шайхони Хонакоххо як навъ хешовандию бародарии суфиёнро падид овард, ки он аз Хуросону Мовароуннахр cap карда то Сурияю Искандария интишор ёфта буд.

М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …