Маълумоти охирин

ХОКШИР

ХОКШИР (Erysimun), як чинси гиёххои як, ду ё бисёрсолаест аз оилаи чилликгулхо. Баргаш яклухт, гулаш зард, баъзан бунафш ё сафед. Мевааш гилофаки сертухм. Тухмаш майдаи зарди дорчини (вазни 1000-тоаш 0,25—0,3г). Май-июн гул мекунад. Дар Точикистон Xокшир (11 намуд) асосан дар мавзеъхои миёнакух, баъзе намудхояш (Е. hieracifolium, Е. sisumbrioides, humillimum) дар Помири Шарки (3500— 4500 м аз с. б.) ва Хокшираи дусола (Е. hieracifolium, Е. diffusum (бештар дар нохияхои кухсори республика— 1500—3500 м аз с. б.) нуму меёбад. Xокшира растании асаловар, шифобахш, хуроки чорвост. Баъзан чун алафи бегона дар киштзору бог (Е. гераdnum, Е. sisumbrioides) меруяд. Аз баргу поя ва гулу тухми Xокшира (Е. diffusum, ниг. расм) гликозидхои эризимин, эризимозид, эрикордин ва г. хосил мекунанд, ки онхоро дар тиб барои табобати иллати дил, галаёни хун (гипертония) ва кардиосклероз истифода мебаранд.

Адабиёт: Флора Таджикской ССР, т. 5, Л., 1976.  С. Юнусов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …